БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МАЪЮБОН ҲАМЕША ЗЕРИ ТАВАҶҶУҲ ВА ДАСТГИРИИ ҲХДТ ҚАРОР ДОРАНД!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар пайравӣ аз иқдомҳои неки Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Маъюбон ҳам зери таваҷҷуҳ ва дастгирии ҲХДТ қарор доранд” бо ҷалби аъзои маҳфили  волонтёрон ва  аъзои намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди Кумитаи иҷроия ҷиҳати анҷом додани амалҳои неки инсондӯстонаву ватанпарварона, дасти ёрӣ дароз намудан ба ниёзмандон ва маъюбон  шахсони маъюб аёдат карда шуданд. Ин иқдоми нек аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб  бори аввал набуда, пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои давлативу миллӣ шахсони эҳтиёҷманд, аз ҷумла маъюбону ятимон ҳамеша  зери таваҷҷуҳ ва дастгирӣ  қарор доранд. Дар ин рӯз якчанд  нафар шахсони  маъюбу ятим аёдат карда шуда, ба онҳо анвои ширинию маводи ғизоӣ кумак расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg