БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ СОБИҚАДОРОНИ МЕҲНАТ ЯКЕ АЗ РИСОЛАТҲОИ АСОСИИ РОҲБАРИЯТИ ҲИЗБИ ХАЛҚИСТ

А.ҶОМӢ. Дар  партави  сиёсати  хирадмандонаю  ғамхоронаи Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон, Раиси  муаззами   ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон  бахшида ба  истиқболи  ҷашни  26-умин  солгарди  таъсисёбии  ҲХДТ -ҳизби халқпарвар  Раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  вилояти  Хатлон  Миралиён  Қиёмиддин  Абдусаломзода  дар  ҷараёни  сафари кории худ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ  аз  оилаҳои  собиқадорони  ҳизбу  меҳнат аёд анҷом дода, аз  номи  Раиси  муаззами  ҲХДТ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  ду нафар  собиқадорони  ҳизбу  меҳнат, сокинони  деҳаи Роҳи якуми майи Ҷамоати  деҳоти  “50- солагии Тоҷикистон” Ибодов Иноят  ва Аюбов  Ҳаёт  кумаки  яквақтаина  расониданд.

Дар  ин  кори  хайр Қиёмиддин Абдусаломзодаро, аъзои Кумитаи иҷроияи ноҳиявии  ҳизбӣ, раиси  ноҳияи  Абдураҳмони Ҷомӣ  Сафармаҳмад Раҳимзода ,  раиси  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Муҳаммаддовуд Ҳалимов ва вакили вилоятию ноҳиявии ҳизбӣ, муовини  раиси  ноҳия  Муминзода  Мастура  Табарӣ  ҳамроҳӣ  намуданд.

Аз  иқдоми  пешгирифтаи  ҳизбиён  шахсони  аёдатшуда ва аҳли оилаи онҳо  рӯҳу  илҳоми  тоза гирифта, миннатдории  хешро  ба  Пешвои  миллат, Раиси  муаззами  ҲХДТ муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  баён  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg