БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАТАН ҲАР ГӮШААТРО САРСАБЗ ХОҲЕМ КАРД!

Н.ХУСРАВ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ва нақша- чорабиниҳои тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Носири Хусрав ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ кормандони Кумитаи иҷроия дар якҷоягӣ бо аъзои маҳфили волонтёрони назди Кумитаи иҷроия Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Ватан ҳар гӯшаатро сарсабз хоҳем кард!»-ро дар боғи фарҳангии ноҳия  баргузор  намуданд.

Дар Аксияи ҳизбӣ иштирокдорон бо руҳияи  баланди ватандӯстона дар шинонидани ниҳолони гуногуни ҳамешасабзу сояафкан  саҳм гузошта,  чунин корҳои сабзу хуррамгардонӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷониибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳия то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад ёфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg