БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ФАҲМОНДАДИҲӢ ИДОМА ДОРАД

ТЕМУРМАЛИК.  Дар Ҷамоати деҳоти ба номи Лақай Қармишеви ноҳияи Темурмалик  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  “Ғурулдӣ”  вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ, раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ  андешаронӣ карда, таъкид намуд, ки дар ин давра ҳамагон бояд барои ҳифзи саломатии худ ва ҷомеа бо риояи  қоидаҳои беҳдоштӣ масъулияти баланд ҳис намоянд, то ин ки худ ва дигаронро аз ин бемории сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

Зимни иттилоърасонӣ ба иштирокчиён Муроҷиатномаи ҲХДТ ва варақаи иттилоотии пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg