БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДАВВАР ДОИР ГАРДИД

ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Дар Литсийи касбии техникии ноҳияи Ҷайҳун бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчам - рамзи давлатдорӣ” мизи мудаввар доир гардид.

Дар чорабинии мазкур масъулини  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун ва аъзоёни ТҶҶ “Созандагони Ватан” иштирок доштанд.

Масъулин чорабиниро оғоз намуда, ҳозиринро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз доштанд, ки ҳамасола санаи 24 ноябр дар сар то сари кишвари азизамон Рӯзи Парчами давлатии кишвар бо шукӯҳу шаҳомати хоса таҷлил мегардад. Чунки Парчами миллӣ нишоне аз таърихи чандинҳазорсолаи халқи тоҷик буда, яке аз рамзҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламон маҳсуб меёбад.

Парчам яке аз муқаддасоти миллии мост, ки дар назди он аз Сарвари давлат то сарбози оддӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Парчам ҳамчун рамзи давлат ба ифтихори дастоварду пирӯзиҳои фарзандони фарзонаи миллат, дар майдонҳои варзишӣ баробари садо додани Суруди миллӣ барафрохта мешавад. Боиси ифтихору сарфарозист, ки имрӯз дар пешгоҳи бинои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ Парчами Тоҷикистон партавафшонӣ мекунад. Ва мо ифтихор дорем, ки ин муваффақият тавассути Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон насибамон гаштааст.                                                                                                                                                                                                                                                                             

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg