БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ДАВЛАТДОРИИ МО ТАЪРИХИ КӮҲАНРО ДОРОСТ

Тоҷикон  парчамро ҳамчун нишонаи нангу номус ва адолату осоиш  нигоҳдорӣ  мекарданд  ва  ин аст, ки ниёгони мо парафшон будани  парчамро  бо  сарбаландии  ҳар   як  фард  баробар дониста, барои ҳифзи он ва то ба рӯзҳои мо идома пайдо кардани ин суннати аҷдодӣ ҷоннисориҳо кардаандЭмомалӣ Раҳмон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

АНДЕША. Хушбахтона, бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ тоҷикон соҳиби Парчами  миллӣ, яъне  таҷассумгари  гузаштаи  шоён   ва  ояндаи  дурахшони  тоҷикон  гардидаанд.

Баъди  ҳазор  соли  бедавлатӣ ҳамчун натиҷаи азму талошҳои пайвастаи мардуми озодихоҳи тоҷик ба даст омадани соҳибистиқлолӣ дар назди мо иҷрои вазифаи бисёр масъулиятнок ва дар айни замон хеле пурифтихор, яъне бунёди давлати навини ҷавобгӯ ба манфиатҳои халқу кишвар  ва  ба  вуҷуд овардани  аркони  давлатдории  таърихиву  такдирсоз бисту нуҳ сол сипарӣ шуд.

Парчами  давлатӣ   барои  мо  тоҷикон   алалхусус  барои  худи  банда,ки  як  сокини  даврони  соҳибистиқлоли кишвар  мебошам, нишонаи бақои миллат, давлату  Ватан, ваҳдати  миллӣ, ҳуввияти  миллӣ ва беҳтарин василаи тарбияи насли наврасу ҷавонон дар рӯҳияи ифтихори миллӣ ва ҳифзи  арзишҳои  волои  таърихиву  фарҳангии  халқамон  мебошад. Парчами  давлатии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии  Тоҷикистон, дӯстиву  бародарии  ҳамаи  миллатҳои  он  ба  шумор меравад. 

Ин  рамзи  давлатӣ  шаҳрвандонро  ба  зиндагии  ором, сулҳу  осоиш  ва талош ба хотири ҳаёти арзанда, рушду нумӯи ҳаматарафа ва соҳибихтиёрию соҳибдавлатӣ сафарбар менамояд. Аз ин рӯ, бо қарори Маҷлиси  намояндагони  Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин ба баъд  ҳамасола  24  ноябр  ҳамчун  Рӯзи  Парчами  давлатии  мамлакат  таҷлил карда мешавад.

Парчам дар  баробари  Нишон  ва Суруди миллӣ яке аз рамзҳои асосӣ, нишонаҳои  соҳибихтиёрии  давлат  ба  шумор меравад. Воқеан парчам дар фаъолияти давлатдорӣ, аз он ҷумла дар гузаронидани чорабиниҳои расмию ғайрирасмии давлатӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, ҳамчунин  дар  муносибатҳои  байналмилалӣ  ва  дар ҳаёти ҳаррӯзаи  ҳар  як  фарди  ҷомеа  мавқеъ  ва  нақши  хоси  худро доро мебошад. 

Дар  парчами  давлатии мо рангҳои сурху сабзу сафед, ки аз покии дили ниёгон, сурхии хуни шаҳидон ва сабзии хати дафтару девони пешиниён маншаъ  мегиранд, ҳамчун  таҷассумгари  мубориза  барои озодӣ ва истиқлол, бахту иқболи сафед, ояндаи дурахшон, сулҳу субот, саъю кӯшиши ҳамвора  баҳри  сарсабзию  хуррамии кишвар, тоҷ ва ҳафт ситора, ки ба қавли Фирдавсӣ “ниёгони мо тоҷдорони даҳр, ки аз додашон офарин буд баҳр”  буда, барҳақ  нахустин  хусравони  соҳибтоҷи  олам  буданд,  ҳамчун таҷассумгари соҳибдавлатӣ ва соҳибихтиёрӣ инъикос гардидаанд.

Аз ин ҷост, ки Парчами давлатӣ ба сифати рамзи музаффарият ва гузаштаи  пурифтихор  моро  баҳри  ҳаёти  осоиштаю  сулҳу  субот, мубориза баҳри  зиндагии арзанда ва пешрафти озодона, соҳибихтиёрӣ ва соҳибдавлатӣ ба сӯи фардои дурахшон раҳнамоӣ мекунад.

Шоиста аст, ки  Парчами  давлатӣ  ҳамчун  муқаддасот ва рамзи миллии давлат мавриди эҳтиром ва қадршиносии ҳар фарди миллат қарор бигирад.

Парчам ба сифати рамзи давлату миллат аз рӯзгорони қадим мавҷуд буд  ва  аз  ҳастии давлату миллат гувоҳӣ медод.

Парчамро  аз  замонҳои  қадим  дар  ҷангу  муҳорибаҳо парчамбардорон  пешопеши  лашкар мебурданд ва ба дасти душман афтодани  парчам  нишони  шикасту  мағлубияти  давлат  ба  ҳисоб  мерафт.

Ин  калима  ба  ин  маънӣ  дар  адабиёти гузаштаи мо корбурди фаровон  дорад.  Аз ҷумла, мегӯянд, ки чун овозаи ҳамлаи лашкари муғул ба Хоразм расид, хоразмиён ба пеши орифи маъруф Шайх Наҷмиддини Кубро, ки дар он айём муқими Хоразм буд, омаданд ва гуфтанд, ки Шайх дуо кун ва ин балоро  аз  сари  мо  рафъ  соз.  Шайх гуфт, ки  ин  балои  бузург  аст  ва  рафъи он ба дуо наметавон кард. Пас гуфтанд, сари худ гиру бо муридон аз Хоразм берун шав, ки кофарони  муғул  чун  ба  Хоразм  пирӯз  шаванд  турову муридони туро амон  нахоҳанд  дод.  

Шайх  Наҷмиддини Кубро гуфт, ки ман дар рӯзи шодию нишот ҳамроҳи  мардум  будам, дареғам  ояд, ки  дар  рӯзи  сахти  мардум  аз Хоразм  берун  равам.  Гуфтаанд, ки чун лашкари муғул ба Хоразм ҳамла кард Шайх аз нахустин касоне буд, ки домани худро аз санг пур кард ва ба ҷанги муғул бархост.  Чун сангҳои доманаш ба охир расид аз дасти парчамбардори муғул парчами муғулро кашида гирифт. Лашкари анбӯҳи муғул ба сари Шайх рехта, ӯро куштанд ва ҳафт сарбози  муғул  ба  душворӣ  панҷаи  шайхи  шаҳидро  боз  карда, парчами худро  берун  оварданд.   Аз он, ки Мавлоно мегӯяд: Дар дасти дигар парчами кофар дорем, ишора ба ҳамин парчами муғул аст.

Ниёгони  мо  ҳамчунин  ба маънии “парчам” бештар аз калимаи дирафш ё дирафши ковиёнӣ истифода кардаанд.

Дирафши  ковиёнӣ - парчами  давлатии  шоҳони  қадими  эронинажод, аз  Пешдодиён  то Сосониён буд.

Бархе муаррихон нахустин парчами миллии мо, яъне дирафши ковиёниро  марбут  ба  парчами  чармии  Коваи  оҳангар  донистаанд, ки бо он Кова бар зидди беадолатиҳои Заҳҳоки морон бархост ва пешдомани чармини  оҳангарии  худро  ба  найзае  овехта, онро  парчами  муборизаи  дод бар бедод қарор дод. 

Ба қавли  ҳаким  Фирдавсӣ  дар  “Шоҳнома”  Фаридуни  Отибин  пас  аз шикасти Заҳҳок парчами чармини Коваро бо зару гавҳар орост ва онро диравши ковиёнӣ ном ниҳод. Ба пиндори бархе забоншиносон Ковиёнӣ ба номи Коваи оҳангар мансуб набуда, балки ба калимаи ковӣ, яъне шоҳ алоқамандӣ дорад. Дар ин сурат дирафши ковиёнӣ байрақи шоҳӣ маҳсуб мешавад. Дирафши ковиёнӣ то давраи охирин ҳукмронии Сосониён Яздигурди 3 вуҷуд дошт ва пас аз ҷанги эрониён бо арабҳо дар Қодисия ба дасти сипаҳдори лашкари араб Саъди Ваққос ғанимат афтод ва Саъди Ваққос ин ғаниматро ба халифа Умар ибни Хаттоб ҳадя фиристод.

Халифа Умар ин ҳадяро напазируфт ва ба гуфтаи сарчашмаҳо бо амри ӯ ин парчамро пора карданд ва зару гавҳари онро миёни сарбозон тақсим намуданд.

Тоҷикон  дар  тӯли ҳазорсолаҳо соҳиби парчамҳои гуногун буданд, вале  ҳанӯз  дар  хусуси  парчамҳои  аҳди Сомонӣ ва давлатдориҳои минбаъда  маълумоти  дақиқ  ба  даст наомадааст.

Ҳатто соли қабули парчами Аморати Бухоро равшан нест.

Парчами аморати Бухоро аз ду ранг – сабзу сурх, моҳу ситора ва як навиштаҷоти зарин иборат буд ва дар канори чапи он рӯи хати сабз “Султон сояи Аллоҳ дар рӯи замин аст” ҳаккокӣ шуда буд. Соли  1921  парчами  Ҷумҳурии  Халқии  Шӯравии  Бухоро  қабул  шуд, ки ҳамранги ҳамон парчами амирӣ буд. Танҳо ба ҷойи навиштаҷоти “Султон  сояи  Аллоҳ  дар  рӯи  замин  аст”  чор  ҳарф  “Б.Н.С.Р.” дар рӯи он нақш  гардид, ки  мухаффафи  “Бухарская  Народная  Советская  Республика” аст. 

Пас  аз  се  сол  ранги  парчам  сурх шуд.

Дар солҳои 1924-1929 парчами Тоҷикистон саросар сурх буд.

Фақат дар канори чапи он акси доси тоҷикиву болға, ситора, пахта ва навиштаҷоти  нав  ба хати форсӣ - “Пролетариатҳои ҳамаи ҷаҳон, ба ҳам оед!” ҷой  гирифт. Соли  1953  Парчами  Ҷумҳурии  Шӯравии  Сотсиалистии  Тоҷикистон боз  тағйир  ёфт.  Ин  дафъа  сохтораш  нисбатан  соддатар  буд: аз  боло  ва  поён  ранги сурх  ва  дар  миён  ду  хати  нисбатан  борики  сафеду  сабз  дошт. Дар гӯшаи чап аз боло досу болға ва ситорача ҷойи худро ҳифз карданд. Ин парчам то соли 1992 арзи ҳастӣ кард.

Парчами нави давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол 24- уми моҳи ноябри соли 1992 дар иҷлосияи 16-умии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.

Ин  парчам  бо  таваҷҷуҳ  ва  дар  заминаи  парчамҳои  қадими  миллӣ, аз  ҷумла  дирафши  ковиёнӣ  омода  шуда, матои  росткунҷаест, ки  аз се рахи рангаи уфуқӣ иборат аст.

Рахи болои парчами давлатӣ ранги сурх дошта, паҳнои он ба рахи поёни  сабз  баробар  мебошад, рахи сафеди мобайнӣ якуним баробари паҳнои  ҳар  яке  аз  ин  рахҳои  ранга аст; - Рӯи рахи сафед дар мобайни парчам бо зарҳал расми тоҷ ва болои он ҳафт ситора дар шакли нимдоира тасвир  ёфтааст; Ранги   сурхи  парчам  рамзи  мубориза  ва  ҷоннисории  халқ  дар  роҳи  озодӣ ва истиқлолият; - Ранги сафед рамзи бахту иқболи сафед, нияти  неки  халқи  кишвар; Ранги  сабзи  парчам  рамзи  саъю  кӯшиш  ва  заҳмату  меҳнати халқ, ки аз он кишвар сарсабзу хуррам мегардад, маънидод  мешавад.

Парчами давлатии Тоҷикистон бояд барои ҳар як сокини ҷумҳуриамон азиз бошад ва ҳар кас бояд маҳбубият ва садоқати худро ба он, яъне ба миллати тоҷик нишон диҳад.

Зеро тавре аз оинаи нилгун пайваста мебинем дар мусобиқаҳои мухталифи ҷоми ҷаҳонӣ Парчами миллии ин ё он варзишгари ғолиб баъди ғолиб омаданаш бо навохтани Суруди миллии он кишвар вобаста ба ҷои ишғолкардааш бо тантанаи махсус боло бардошта мешавад.

Варзишгар аз дидани парчами миллии кишвари худ бисёр хурсанд мешавад ва ҳатто аз ғолибияти кишвари худ ашки шодӣ дар он лаҳзаҳои беҳтарини ҳаёташ мерезад.

Мисоли дигар мухлисон дӯстдорони миллати худ парчами миллии кишвари худро дар вақти мусобиқаҳои ҷоми ҷаҳонӣ, бахусус дар вақти бозии футбол дар варзишгоҳҳо дастаҷамъона дошта, пайваста онро алвонҷ медиҳанд. 

Мисоли сеюм боксчиёни касбӣ бошад вақти ба набард ҳозир шуданашон парчами давлатии кишвари худро бар китфашон партофта, ба мусобиқа ҳозир мешаванд ва баъди ғалаба онро бо эҳтироми махсус бӯса ҳам мекунанду ба чашмонашон мемоланд.

Аммо оё инро тамоми мардуми мо дарк карда метавонанд?

Ин саволест, ки барои тамоми мардуми тоҷик равона карда шудааст. 

Пас дар ин соҳа бояд нафақат муаллимони макотиби миёнаву олӣ, балки зарур аст аз боғчаву кӯдакистонҳо ва ҳатто падару модарони ҷавон ҳам бояд дар парваридани муҳаббат ба парчами миллӣ ба фарзандонамон бояд кори зиёдеро дар ин ҷода анҷом бидиҳанд.Парчами  ҳар як кишвар метавонад тамоми ҳастии давлатдориашро дар ин муқаддасоташ нишон диҳад. 

Парчами  имрӯзаи давлати ба ном исломӣ рӯи рост зуҳури хешро дар матои сиёҳ тасвир намудааст, ки дар таъбири мардуми мо ранги сиёҳ ранги мотаму ғам, ранги андӯҳ ва ситам ифода шудааст. 

Пас маълум аст, ки ин давлати ба ном  исломӣ танҳо маргу мусибатро ба бор меораду халос.

Шукрона,ки  имрӯз  Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон чун рамзи ин кишвари соҳибистиқлол дар Тоҷикистон ва дигар ақсои олам парафшонӣ  мекунад  ва  ба  оламиён  аз  мавҷудияти  давлати  тозаистиқлоле бо  номи  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  мужда  медиҳад.

Бошад,ки  ба  бахти  мо, давлати  ин  миллати  наҷиб, ки  тӯли садсолаҳо ранҷи тасаллути бегонагонро таҳаммул намуда, акнун насими озодиву  истиқлол  бар  машоми  ҷонаш  вазидан  дорад, бардавом монад.          

Таманно дорам, ки  Суруди  миллии  ин миллат ба таври ҳамеша танинандоз ва парчами давлатии ин давлат ҷовидон парафшон бошад.

Ва чуноне, ки Пешвои муаззами  миллати  тоҷик  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  гуфтаанд: «Бигзор, парчами пурҷилло ва нурафшони Истиқлолият дар   дилу  дидаи   ҳар  як сокини  Тоҷикистон  ин  Ватанро афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон парафшонӣ намояд.  Парафшонии  Парчами  озодиву  саодати  давлати  соҳибистиқлоли мо ҷовидон бошад»

Дар охир таманно дорем, ки Парчами миллӣ -рамзи давлати соҳибистиқлоли тоҷикон ва қаҳрамониҳои халқи тоҷик барои ваҳдати миллӣ, нишонаи  нангу  номуси  миллат  ва  таҷассуми  муҳаббату  садоқати ҳар  як фарди Тоҷикистон ва ба Ватани ободу соҳибихтиёр то абад парафшон  бошад.

Тоҷикистон, Парчамат поянда бод,

Ҷовидон фарзандҳоят зинда бод!

Муҳаммаддовуд  Ҳалимов, раиси  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар ноҳияи  Абдураҳмони  Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg