БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ-МУҚАДДАСОТИ МИЛЛӢ!

АНДЕША. Парчами давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз зеботарин парчамҳост ва он натиҷаи ҷаҳду талошҳо, меҳнату заҳмати мардуми тоҷик буда, давраҳои гуногуни таърихиро паси сар намудааст. Таърих гувоҳ аст, ки тоҷикон ҳанӯз аз замонҳои  қадим парчамҳои гуногун доштанд, ки яке аз онҳо диравши ковиёнӣ буд. Вақте, ки ибораи Парчами давлатиро ба забон меорем, хоҳу нохоҳ ин ё он давлат пеши назарамон меояд ва маълум мегардад, ки Парчами давлатӣ ин зеб ва хоси ҳар як давлат аст. Аз ин ҷост, ки ҳар як давлат дар миқёси сайёра арзи ҳастӣ намудан пас,  хар чи зудтар ба таҳия ва тасдиқи парчами давлаташ даст мезанад. Зеро ҳар як давлатро дар ҷаҳони муосир, пеш аз ҳама, аз рӯйи Парчами давлатиаш мешиносанду эътироф мекунанд.

Гуфтан мумкин аст, ки имрӯз давлате, ки даъвои ҳастӣ ва вуҷуди хешро мекунад, бояд Парчами давлатии хешро дошта бошад ва дар акси ҳол шинохту эътирофи он аз ҷониби аҳли сайёра душвор хоҳад шуд. Пос, доштани Парчами давлатӣ яке аз рисолат ва суннатҳои давлатдорӣ буда, омили шинохту ҳастии давлат мебошад. Ва бидуни он фаъолият кардани давлат маънои то ҷое рисолати давлатдории хешро накарданро дорад.   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ба ин масъала диққати ҳамаҷониба медиҳанд. Бо  нишони эҳтирому садоқат ба Парчами миллиамон бо фармони худ аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24 ноябрро Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» эълон намуданд. Ин нукта боиси тавваҷуҳ ва ҷолиби диққат аст, ки  30-юми августи соли 2011 дар арафаи 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойтахти кишварамон-шаҳри Душанбе бо иштирок ва суханронии бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пояи 165-метр, ки ҳамон вақт баландтарин Парчам дар ҷаҳон маҳсуб меёфт, барафрохта шуд, ки  ин арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллат аст.

Ҷумҳурии мо маҳз ба ҳамин Парчами давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар шинохта шуда, эътироф гардидааст. Мутобиқи моддаи 3-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷиктстон рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ мебошад. Тавре медонем Парчами давлатӣ нахуст номбар шудааст. Ин ҳолат, ба назари мо, аз моҳияту аҳамияти он аз ҳаёти давлатдорӣ дарак медиҳад ва собит месозад, ки Парчами давлатӣ дар миёни рамзҳои давлатӣ аз нақш ва ҷойгоҳи вижае бархурдор аст.

Дар маҷмуъ метавон гуфт, ки Парчами давлатӣ ин муаррификунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохилу хориҷи кишварамон мебошад. Бо дидани Парчами давлатӣ дар ҳушу зеҳни ҳар як шаҳрванд ҳисси ифтихори миллӣ ҳувайдо гардида, меҳру муҳаббат нисбат ба Ватан зиёд мегардад.

Ба ғайр аз ин фаромӯш набояд сохт, ки маҳз ҳамин Парчами давлатии ҳозираи Ватанамон буд, ки моро ҳанӯз соли 1992 дар замони нобасомониҳо ба ҳам овард ва имрӯз чунин рӯзгори  тинҷу ором насибамон гардидааст.  Яъне, маҳз Парчами давлатӣ дар баробари дигар арзишҳои миллӣ боис мегардад, ки тамоми мардуми шарифи Тоҷикистон дар атрофи он ҷамъ омада ва ба ободонию созандагӣ машғул бошанд. Аз ин лиҳоз, мо вазифадорем, ки ба қадри ин муқаддасоти миллиамон бирасем ва онро эҳтиром намоем. Бо ифтихор ҳамаи Шумо ҳамватанони азизро ба ин рӯзи муқаддасу таърихӣ-  ба Рӯзи Парчами давлатӣ табрик мегӯям. Бигзор, Парчами пурҷило ва нурфишони истиқлолият, дар дилу дидаи ҳар як сокини ҷумҳурӣ меҳри Ватанро боз ҳам афзунтар намояд ва асрҳои аср дар фазои озоди кишварамон  доимо парафшон бошад.

Раҳмон Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg