БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМАТ БОДО ПАРАФШОН, ТОҶИКИСТОНИ АЗИЗ...

АНДЕША. Парчам аз шумораи муқаддасоти Ватан буда, ҳастии кишвари воҳиду соҳибистиқлолро инъикос мекунад. Парчами Тоҷикистон низ аз мавҷудияти халқи соҳибфарҳангу соҳибтамаддун дарак медиҳад. Се ранг ва тоҷи он исботи ҷасорат ва соҳибдавлатӣ мебошад. Парчами Тоҷикистон аз ҷиҳати зебоӣ ва муҳтавоӣ ҳар ҷузъиёташ дар қатори парчамҳои беҳтарини дунё қарор дорад.

Хушбахтона,  халқи тоҷик, ба муқаддасоти Ватан эҳтироми хоса доранд ва аз он ифтихор менамоянд.  Ҳамин аст, ки Парчами Тоҷикистон ҳамчун Парчами баландтарини олам эътироф шуда,  ба китоби рекордҳои Гиннес ворид шудааст. Гузаштагони мо низ Парчамро воситаи асосии мавҷудият ва шинохти аслии хеш медонистанд. Пораи пӯсте, ки Коваи оҳангар ба сифати Парчам истифода карда буд, далели ин андеша аст.

Имрӯз Парчами Тоҷикистон дар болои биноҳои муҳташами давлатӣ, қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, сафоратхонаҳо ва рӯи мизи хизматчиёни давлатӣ дида мешавад. Мардум бо дидани Парчами давлатӣ худ ифтихор менамоянд. Тамоми кишварҳои дунё Парчами худро доранду онро рамзи муҳаббат ба Ватан ва ҳастии хеш медонанд. Ҳар Парчам бо анъанаҳои мардуми ин ё он кишвар офарида мешавад. Ҳамин аст, ки ранг ашё ва тасвирҳои гуногуни Парчами мамлакатҳои мухталиф маънои худро дорад.

Дар вақти шодиву сурур Парчам боло гардида, ҳангоми ғам ё мотам поён карда мешавад. Хулоса Парчами Тоҷикистон дар ҳамаҷо  ба дили сокинони кишвар ва дӯстдорони фарҳанги беназири тоҷик суруру шодмонӣ ато мекунад. Ҳамзамон Суруди миллӣ мутантан садо дода, дили моро пур аз фарраҳ менамояд. Дар ҳақиқат, соҳибдавлат будан бахти баланд аст. Боиси таассуф аст, ки бархе халқҳои ҷаҳон то имрӯз давлат надоранду пароканда дар дохили ин ё он кишвар сукунат доранд.

Хушбахтона, халқи тоҷик соҳибдавлат гардида, дар андак вақт мақому манзалати худро пайдо намуд. Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 165 давлати дунё ба сифати давлати мустақил эътироф кардааст. Аҳли эҷод доир ба рамзҳои давлатӣ, бахусус Парчам шеърҳо офарида, бо ин роҳ муҳаббати худро ба Ватан изҳор мекунанд. Барҳақ шоир меҳрномаи худро дар ситоиши Парчам баён намудааст:

 

Парчами Тоҷикистон, чун бахт ёвари мост,

Хуршедсон ҳамеша, тобанда бар сари мост.

Бо дидани Парчами Тоҷикистон ба дил шодиву сурур меояд ва арҷ гузоштан ба  ин муққадасоти миллат вазифаи мост.

Рустамбекова Малоҳат,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg