БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМИ МО РАМЗИ ДАВЛАТДОРИИ ТОҶИКОН, ИФТИХОРУ САРБАЛАНДӢ ВА НАНГУ НОМУСИ МИЛЛАТ МЕБОШАД!

АНДЕША. Бо шукргузорӣ аз сулҳу субот, соҳибватанӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола санаи 24 ноябр Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун ҷашни пурифтихор муқаррар гардидааст, соли 28-ум аст, ки бо мақсади эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ ва яке аз рамзҳои давлати соҳибистиқлоламон  мебошад, бо шукӯҳу шаҳомат дар тамоми гӯшаю канори Ватани маҳбубамон   таҷлил карда мешавад.

Дар яке аз суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин баён дошта буданд: «Қадами таърихие, ки дар самти барқарорсозии рукнҳои давлатдории миллӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ сурат гирифт, қабул ва ба арзишҳои меҳварии умумимиллӣ табдил ёфтани Парчами давлати соҳибистиқлоли мо буд». Чи тавре маълум аст, Парчам нишонаи ҳокимият дар як қаламрави кишвар буда, боло бардоштани он рамзи пирӯзии давлату миллат маҳсуб мешавад.Бо таваҷҷуҳ ба ин гуфтаҳо метавон иброз намуд, ки Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳз баъди қабули Парчами давлатӣ амалан пурраю комил гардид.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни як суханронии худ қайд намуда буданд, ки «Парчами имрӯзаи давлатӣ яке аз рамзҳои муҳими истиқлолияти миллӣ ва давлатдории муосири мо, таҷассумгари асосҳои таърихӣ ва рамзҳои давлатдории тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром, орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикистон мебошад».

Боиси ифтихори ҳамаи мост, ки Парчами миллии Тоҷикистон дар Маҷмааи умумии Созмони Миллали Муттаҳид нишони ҷумҳурии мо гардидааст.

Соли 2011 бо иштироки Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки баландиаш 165 метрро ташкил медиҳад, парафшон гардид.

Бигузор Парчами мо рамзи давлатдории тоҷикон, ифтихору сарбаландӣ ва нангу номуси миллат дар фазои осоиштаи кишварамон то абад парафшон ва илҳомбахши раванди бомароми созандагиву бунёдкории Ватани маҳбубамон Тоҷикистон бошад.

Ғафуров Сайдамир, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg