БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЛИВОИ МОСТ ЛИВОИ ХАЛҚ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохтти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ливои мост -ливои халқ!” баргузор намуданд.

Зимни баргузории Аксияи мазкур масъулин  сокинонро бо Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи Истиқлолияти давлатӣ, иттифоқи вайроннашавандаи коргарон, деҳқонон ва зиёиён, дӯстӣ ва бародарии ҳамаи халқҳои маскуни ҷумҳурӣ мебошад. Бинобар ин мо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бояд ифтихор аз миллату давлати аҷдодӣ ва рамзҳои миллии Ватан дошта бошем ва ин муқаддасотро чун гавҳараки чашм қадр кунем ва ҳифз намоем.

Ҳамзамон зимни баргузории Аксияи мазкур аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” ба сокинон маводҳои таблиғотиро тақсим  карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg