БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СЕМИНАР – МАШВАРАТҲОИ ҲИЗБӢ ДАР ШАҲРИ БОХТАР

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси дастуру супоришҳои  мақомоти болии ҳизбӣ  дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар шаш давра бо раисон ва шахсони масъули ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии назди Кумитаи иҷроия семнар - машваратҳои ҳизбӣ доир карда шуд.

Дар ин семнарҳои омӯзишӣ масъалаи ҳаракати аъзои ҳизб ва таҳкими ҳуҷҷатгузориҳо дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ муҳокима карда шуданд.

Дар фарҷоми  семинар-машварат раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Иброҳимзода Неъматулло бо иштирокдорон ҳамсуҳбат гардида, доир ба баргузории семинар –машварат ибрози назар кард. Аз ҷумла, номбурда таъкид дошт,  ки узви ҲХДТ будан ин ифтихор барои ҳар кас аст. Зеро раиси ҳизб муҳтарам Пешвои миллат, Пезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Аз ин рӯ, узви ҲХДТ бояд миёни ҷомеа  рафтору амал, кирдор ва дар кору фаъолият намунавӣ бошад.

Семинари мазкурро кормандон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохар бо тариқи слайду инфографикаҳо гузаронида, ба саволу пурсишҳои иштирокдорон ҷавобҳои аниқу дақиқ доданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg