БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПАРЧАМ - РАМЗИ САРБАЛАНДИИ МИЛЛАТ

БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати дар сатҳи баланди сиёсӣ баргузор намудани Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон таҳти унвони “Парчам рамзи сарбаландии миллат” дар ташкилотҳои ибтидоии “Беморхонаи марказӣ”  хониши сиёсӣ доир карданд.

Дар чорабинӣ масъулин баромад намуда, қайд карданд, ки Парчами давлатӣ нахустин нишонаи муқаддаси ҳар як кишвару халқ, рамзи ҳувият, рамзи давлатдорӣ, рамзи ягонагии халқҳои як сарзамин мебошад ва дар ҷаҳон бо баландии рекордӣ - 165 метр бардошта шудааст. Ҳамзамон, дар охир иштирокдорони чорабиниро барои эҳтиром ва пос доштани ин муқаддасоти давлат, ки яке аз вазифаҳои асосии ҳар як шахс мебошад, даъват намуда, онҳоро ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg