БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Оилаи солим - пойдевори ҷомеаи солим аст

ПАНҶ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар деҳаи Пешқадам 1-и ҷамоати деҳоти Намуна чорабинии фарҳангӣ оид ба маърифати оиладорӣ таҳти унвони «Оилаи солим-пойдевори ҷомеаи солим»  баргузор карда шуд. 

Дар чорабинӣ, аз ҷумлаи меҳмонон занони собиқадори ҷамоат, оилаҳои намунавӣ  ва модарони серфарзанд иштирок доштанд.  Ҳамчунин,  дар рафти чорабинӣ ба 3 нафар кӯдакони навзод  шаҳодатномаҳои таваллуд ва ба 2 оилаи ҷавони навташкил шаҳодатномаҳои акди никоҳ ва туҳфаҳои хотирмон  такдим карда шуд.

Дар оғоз  дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши ҳунарҳои миллӣ, аз қабили чӯбтарошӣ, кандакорӣ, оҳангарӣ, гулдӯзӣ, чакандӯзӣ, қуроқдӯзӣ, сӯзанию девориҳо, бофандагӣ,  маҳсулотҳои нонию   хӯрокҳои миллӣ ва гаҳвораҳои кӯдак ба намоиш гузошта шуда буд.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Файзиев Каримҷон пас аз дидани намоишгоҳ зимни баромад қайд намуд, ки оила дар фарҳанги тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмиву таҳаммулгароӣ, маҳз дар оилаҳои солим  ташаккул меёбанд.

Ҳамзамон, сухан дар бораи баланд бардоштани маърифати оиладории ҷавонон, ҷудошавии оилаҳо ва оқибатҳои бади никоҳи хешутаборӣ  қайд гардид.

Барои тарбия  ёфтани насли наврасу ҷавони кишвар дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносии миллӣ ва меҳру муҳаббат ба Ватан  саҳми ҷомеа, мактаб ва оила ниҳоят калон  аст.  Аз ин рӯ, мебояд, ки  бо фарзандон дар хусуси асрори оиладорӣ, меҳру садоқат, тарбияи ҷинсӣ, тартиби рӯзгордорӣ, муносибати зану шавҳар суҳбат карда, онҳоро ба зиндагии мустақилона  омода бояд кард.

Собиқадорони ҳизб, занони барӯманди ҷамоат Рӯзимова Хосият ва Сатторова Бибиноз ба сухан баромада,  аз таҷрибаи бойи зиндагии худ оид ба оиладорӣ  мисолҳои мушаххас оварда, ба ҷавонон маслиҳатҳои судманд  доданд.

Дар идомаи чорабинӣ ба 1 оилаи намунавӣ ва ҳунармандони беҳтарин барои пешкаш намудани маҳсулотҳои дастӣ туҳфаҳои хотирмони Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ тақдим карда шуд, ки ин боиси ҳавасмандӣ ва ифтихори онҳо гардид. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg