
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ХХДТ дар ноҳияи Вахш дар ташкилотҳои ибтидоии “Маърифатчиён”, “МТМУ №22” бо раисони Ташкилотҳои ибтидоӣ семинар -машварати омӯзишӣ оид ба таҳкими низоми ҳаракати ҳизбӣ баргузор гардид.
Худойдод Ёров мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар нохияи Вахш бо иштирокчиён дар бораи таҳкими низоми ҳизб корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида, ба онҳо барои ҷоннок кардани фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ як қатор маслиҳату тавсияҳои судманд пешниҳод намуд.