БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб дар маҳал

МУЪМИНОБОД.  Дар деҳаи Ғарабдараи ҷамоати деҳоти Балхобии ноҳияи Муъминобод бо ҷавонон, фаъолон ва истиқоматкунандагони маҳаллаи мазкур маҷлиси ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод Салоҳиддин Мирзобаротов ва сармуҳосиби Кумитаи иҷроия Саидаҳмад Латифов  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Нахуст Салоҳиддин Мирзобаротов суханрониҳои  Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаро ба мардум шарҳу тавзеҳ дода, доир ба Конференсияи умумиҷаҳонӣ дар мавзӯъи «Пешгирии терроризму экстремизми хушунатомез» муфассал суханронӣ намуд.

 Дар баробари шарҳу тавзеҳи масъалаҳои номбурда моҳияти Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 дар кишвар эълон гаштани Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, ки барои ободии Тоҷикистони маҳбубамон ва рӯзгори шоистаи мардум равона гардидааст, ба иштирокдорон маълумот дода онҳоро дар ин роҳ роҳнамои карданд.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg