БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешвои миллат: Имконияти анҷоми корҳои хайр зиёд аст

ЁВОН. Чанде қабл дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон аз ҷониби намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Дастгираки поёнии ҷамоати деҳоти ба номи Ҳасан Ҳусейнов вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ фаъолони деҳа имомҳои масҷиди панҷвақта, падару модарон иштироки фаъолона намуданд.

Нахуст, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Расулов Маҳмадрасул дар партави суханрониҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон махсусан сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, расидан ба қадри падару модар, анҷом додани корҳои савоб дар моҳи шарифи Рамазон, додани фитри рӯза ба шахсони яккаву танҳо, маъюбу оилаҳои камбизоат ва серфарзанд, истифодаи маблағи ҳаҷи такрориро барои корҳои хайру сахо, мусоидат намудан барои шароити арзандаи таълиму тарбияи фарзандон сарф кардан, пешгирии паҳншавии бемории ВНМО/СПИД, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротгаро, иштирок дар ҷангҳои Ироқу Сурия андешаронӣ намуданд.

Дар охир раиси деҳа Тағоев Ҷамшед, муллои деҳа Қурбонов Ҳабибулло суханронӣ намуда, итминон доштанд, ки  тамоми дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро махсусан дар моҳи шарифи Рамазон бе ягон мамоният иҷро менамоянд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg