БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

16 НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҶАЙҲУН. Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. Чуноне ба ҳамаи мову шумо маълум аст, ҳамасола Рӯзи 16 ноябр дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», яъне Рӯзи Президент муайян карда шудааст.

Ба ҳамин хотир мардуми ноҳияи Ҷайҳун низ ин рӯзро тантанавор  ҷашн гирифта, бо шиору овезаҳо ҳамаи ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ аз назди истгоҳи автомобилии “Авто вокзал” то назди Кохи фарҳанги ноҳия “Тоҷикистон ба пеш” гӯён дар ҳаракат буданд. Дар кушодашавии чорабинии фарҳангӣ, ки бо иштироки меҳмонон дар Қасри фарҳангӣ баргузор гардид, муовини раиси ноҳияи Ҷайҳун Ҷамшед Маҳмуродзода суханро дар мавзӯи Пешвои миллат ва хизматҳои бесобиқаи ин шахсияти барӯманди миллат андешаронӣ намуда, пас аз он чорабинии  мазкурро, ки бахшида ба ин рӯз омода шуда буд, пешкаши ҳозирин карданд. Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ сарояндагону навозандагони ташкилотҳои ибтидоии “Фарҳангчиён” ва тарбиятгирандагони ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мутрибон”  суруду оҳангҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватану ватандорӣ сароида,  таъби ҳозиринро шод намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg