БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПИРӮЗӢ МУБОРАК, ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ МИЛЛАТ!

АНДЕША. Тибқи  ҳисоботи  Комиссияи   марказини   интихоботӣ   ва раъйпурсии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,  ки санаи 12- уми  октябри   соли 2020  эълон  гардид,   Пешвои   муаззами  миллат   муҳтарам   Эмомалӣ  Раҳмон   бо гирифтани   90,92  дарсади      овозҳои    интихобкунандагон     барои  7 соли  оянда   Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  гардид. Ин пирӯзии  Пешвои   миллат мо ҷавонону  намояндагони   Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро шод намуда,   дар  амалишавии   Барномаи  номзад    аз    Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон   саҳмгузор мегардем,  зеро   ки ҷавонон  пайравони Пешвои   миллат  буданд,  ҳастанд    ва дар оянда    низ содиқ     мемонанд. Рафти  интихоботӣ    бори дигар  собит   сохт, ки   дар ҳақиқат   Президенти  мо     мардумӣ буда,   баҳри миллати   хеш    хизматҳои   арзанда кардаасту   бо ин   амали худ    дар байни    мардум   маҳбубияти хосса  доранд.    Садоқати  мардумро   ба   Пешвои   миллат    рӯзи интихобот   дар участкаҳои  интихоботӣ  дидан   мумкин  буд,  зеро     мардум даста –даста   шуда,  бо як чеҳраи    кушода,     бо рақсу   сурудҳои    ватандорӣ     ва ифтихор     аз давлату    давлатдорӣ вориди    участкаҳои интихоботӣ   шуда, ба    ҷонибдории  Пешвои муаззами    миллат, Раиси   Ҳизби   Халқии  Демократии  Тоҷикистон   овози худро дода,    дар саҳни      участкаҳо   рақсу бозӣ    мекарданд.   Ин амали   миллати тамаддунофари  дунё    бори дигар   ҷаҳониёнро   нишон  дод, ки  мо   миллати   қадимтарини     ҷаҳон  аз давлату   давлатдории   гузаштагонамон   огаҳем    ва моро   ҳеҷ  гуна   ҳаракатҳои  бадкирдорону     хоинонаи   дугумонони  дохила    ва берунмарзӣ  гумроҳ   карда   наметавонанд. Зеро, ки  мо ба  сарвари   худ боварӣ   дорем, танҳо  ояндаи   дурахшони    Тоҷикистон   бо ин фарзанди фарзонаи  миллат   зич  алоқамандӣ  дораду   дар тамоми  дунё   моро бо номи   пуршарафи  Эмомалӣ   Раҳмон  мешиносанд ва эҳтиром мекунанд.

Мизробова Шаҳло, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg