БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ аз ҳар яки мо масъулияти хосаро талаб мекунад

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии Беморхонаи №1-и ҷамоати деҳоти ба номи Ҷӯра Назарови ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз Ҳамрозода Комил бо кормандони масъули ташкилоти мазкур вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрӣ шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонтарғиби тарзи ҳаёти солим ва пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ ва пешгирӣ аз майли бегонапарастӣ миёни ҷавонону занон, муборизаи идеологӣ бар зидди терроризм, экстремизм ва пешгирии гаравиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундгаро мавриди баррасӣ қарор  гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg