БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

COVID - 19 БЕМОРИИ ҲАМАГИР АСТ

ТЕМУРМАЛИК.  Дар доираи Соли шинохти  бештари  манфиатҳои миллӣ. Дирӯз кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо мақсади истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ, пешгирии хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии COVID - 19 ва захираи маводи ғизоӣ барои зимистонгузаронӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Танобчии боло” вохӯрӣ баргузор намуданд.

Дар вохӯрии мазкур, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Раҷабзода Маҳмадсаид вобаста ба хуруҷи дуюмбораи бемории сироятии коронавирус, захираи маводи хӯрока барои фасли зимистон бо истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва наздиҳавлигӣ  андешаронӣ карда, таъкид кард, ки бемории сироятии коронавирус бемории ҳамагир буда, моро зарур аст, бо истифода аз маҳлулҳои антисептикӣ саломатии худро муҳофизат намоем.

Ҳамзамон, ба якчанд нафар, ки хоҳиши аъзошавӣ ба ҲХДТ - ро доштанд, шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg