БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АКСИ САДО

ВОКУНИШ. Баъди шунидани баҳси телефонии роҳбари ташкилоти ба ном Паймони миллӣ Муҳиддин Кабирӣ бо як зани тоҷик дар хориҷи кишвар аъзои бевоситаи Паймони миллиро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди хулосабарорӣ қарор додам.

Ман ҳамчун як зани тоҷик аз шунидани баҳси телефонии Кабирӣ бо як зани ҳамзабон, ки пур аз  суханони зишту қабеҳ ва пасткунандаи шаъну шарафи инсонӣ ва қадру манзалати зан -модари тоҷик аст  шунида,  худро дар канор гирифта натавонистам ва мехоҳам нисбати ин бетарбия, носипосу кӯрнамак  нафрати хеш ва занони тоҷикро бо чанд ҷумла ифшо созам.

Тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суханрониҳои Кабириро борҳо дидаву шунидаем. Касе, ки дар бораи носипосиву бадкирдории ӯ ва пайравонаш огоҳӣ надорад дар симои ӯ як шахси босаводу бомаъниро мебинад. Гарчанде ки дар Ватани «азизаш» дар  вазифаҳои роҳбарикунанда кору фаъолият менамуду ҳама шароитҳо бароияш муҳайё буд, шукр нагуфт ва натавонист  як амалу кори  хайреро барои ҳамватану ҳаммиллаташ ба ҷуз қатлу куштор ва даҳшатафканиву воҳимаангезӣ анҷом диҳад. Вале хуни иблисӣ дар шарёнаш ҷӯш зад,  парда аз рӯи манфуру ғализаш афтид ва сирати пучу бемаънияш дар пеши ҳамагон намудор гашт ва туф кард ба он намакдону суфрае, ки нон мехӯрд. Фирорӣ шуд ба хориҷи кишвар. Муддати чанд сол аст, ки берун аз марзи Тоҷикистон бо истифода аз роҳу василаҳои ғаразнок, олуда бо фисқу фуҷур, бетартибиву ҳаромкорӣ, алалхусус нисбати занони бегона машғул аст.

Кӯдак тарбияву таълимро дар муҳити хонаводагӣ аз худ мекунад, одат мекунад ва ба ҳамон минвол нисбати атрофиён рафтор мекунад. Чи хеле ки маълум шуд «хишти» аввали Кабирӣ каҷ ниҳода шудааст, чунки ҳарчанд худро боодобу босавод нишон медод, вале  бетарбиягиву бефаросат буданашро худаш фош кард ва шунавандаи ин эпизод бараъло кӣ будани ӯро шинохт.Ҳар  шунаванда аз шунидани ин суханҳо, ки Кабирӣ нисбати як зан мегуфт нафраташ даҳчанд зиёд гардид. Ман аз номи тамоми занони рӯи олам ба Кабирӣ чунин мегӯям: Лаънати Худо бод бар туву бар пайравони ту!

Сахтгӯро сухани сахт ба ибро орад,

Чирки пероҳани пӯлод ба собун наравад!

Мавзуна, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

        

        

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg