БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КАБИРӢ МАХЛУҚИ БАДКЕШУ БАДКИРДОР БУДУ ҲАСТ ВА МЕМОНАД!

ВОКУНИШ. Муоширати маҳрамонаи роҳбари ташкилоти террористиву экстремистии ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо як бонуи ҳамзабони мо дар шабакаи иҷтимоии Fасеbook, рӯзи 18-уми октябри соли равон интишоргардидаро назарсанҷӣ намуда, хостам инҷо доир ба ин масъала чанде аз фикру мулоҳизаҳои худро иброз намоям.

Чуноне, ки дар урфият мегӯянд, ҳеҷгоҳ аз инсони бадкешу бадкирдор нияти неку амалҳои ҳамидаи инсониро интизор мабош, зеро муқтазои табиаташ сиёҳкориву зишткорист. Ин амали Кабирии фосиқ бозгӯ аз  бадтинативу бадниятӣ ва бадгуфтории ӯст ва амали зишти ин хиёнаткор чеҳраи ҳазину манфури ӯро бори дигар назди ҷомеаи шаҳрвандии мо собит сохт. Кабирӣ барин чеҳраҳое, ки миллату давлат ва манфиатҳои арзишноки шаҳрвандонаш дар баробари расидан ба мансаб ва амалӣ намудани амри ифротгароёнаи хоҷагони хориҷиашон барои онҳо донаи арзанеро қадр надораду бемаҳдуд аст, пас чунин кирдору рафтори маҳрамона ва фисқу фуҷурашон барои онҳо амалест ҳаррӯза.

Бо тамошо ва шунидани ин амали Кабирӣ  дар шабакаҳои иҷтимоӣ мо шаҳрвандони Тоҷикистони азиз ба Кабириву кабирипарастон дар ҳамбастагиву ҳамовозӣ лаънат мехонем!  Зеро  чунин кирдору рафтор ва гуфторе,ки Муҳиддин Кабирӣ ҳангоми муоширати  телефониаш бо зан-бонуи тоҷик анҷом дод,  ба рукну анъанот ва расму оини суннатии тоҷикона мансубияте надорад. Ин амал кирдорест хилофи расму русуми миллати кӯҳанбунёди тоҷик.

Новобаста аз ин ҳама амалкарду кирдорҳои зишташон ин тоифаи хоинон аз хориҷи кишвар болои миллату давлат санги маломат мезананду ба қавле худро наҷотбахшандаи давлату миллат ва миллатдӯст мешуморанд, ки боиси гоҳе хандаву гоҳе гиряи бинандаву хонандаи закӣ мегардад. Бо шарофати «миллатдӯстиву давлатсозӣ»-и  ин гурӯҳи аҳримансиришт миллати тоҷик дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ чӣ балоҳои хунбори таърихиеро пушти сар намуд.

Яке аз манбаъҳои асосии амалӣ гардидани кирдори ваҳшиёнаи гурӯҳҳои ифротиву террористие, ки дар солҳои 90-уми қарни гузашта болои мардуми шарафманди тоҷик балои азим, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандиро таҳрезӣ намуда буданд, маҳз дасти касифи ин иблисзодагон   буд. Маҳз бо шарофати мансабталабии аъзоёну пайравони ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ва дигар гурӯҳҳои манфиаҷӯ хоки Тоҷикистон дар аввали солҳои соҳибистиқлолӣ ба майдони ҳарбу зарб ва пиёда сохтани амалҳои ифротиву террористӣ ва макони озмоишгоҳи давлатҳои бузурги сайёра гардид.

Аз  хизматҳои хирсона ва амалҳои ноҷавонмардонаи чунин ашхоси «худогоҳу хештаншинос» мо миллати сарбаланди кӯҳанбунёд огаҳӣ дорему нисбаташон пайваста нафрат мехонем ва ҳеҷгоҳ онҳоро фаромӯш нахоҳем кард.

Саҳифаҳои рангини таърихи навини миллат ва ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ амалҳои ғайриинсонии аъзову пайравони ҳизби мамнуъи наҳзати исломиро ҳеҷ гоҳ намебахшанд.

Роҳе, ки ин асолатбохтагон интихоб намудаанд, роҳест қатлу куштор ва баргаштан ба арсаи асримиёнагӣ, ки ба ин сиёсати моҷароҷӯёнаи онҳо ҳеҷ вақт мо сокинони сарбаланди Тоҷикистон розӣ буда наметавонем.

НеъматовАбдуҷаббор,  мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg