
Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати мубориза ва паст кардани шиддати бемории ҳамагири коронавирус Ковид-19 ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб маводҳои иттилоотиро бо усули «хона ба хона» миёни сокинон тақсим намуда, аз онҳо эҳтиёткорӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштиро тақозо намуданд. Инчунин, дар ин раванд доир ба истифодаи самараноки замин ва захираи маводи хӯрока ба сокинон тавсияҳои судманд доданд.