БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КОРҲОИ ТАШВИҚОТӢ БО МАҚСАДИ БАЛАНД БАРДОШТАНИ ФАРҲАНГИ СИЁСӢ ВА МАЪНАВИИ СОКИНОН

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибдитоии ҳизбии “ҶДМ Холденги Исмоили Сомонӣ”  бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант Суҳроб Валиев  дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба ҳадафҳои Оиномавӣ ва Барномавӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, дар бораи ватандӯстию хештаншиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллию  ахлоқӣ, сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Раиси муаззами  ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, бори дигар мардумро аз амалҳои зишту нангини ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ хабардор кард.

Ҳамзамон қайд карданд, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Иҷрои ин қарз нишонаи камолоти инсонии ҳар як ҷавон мебошад. Инчунин, мо бояд он қолабҳои кӯҳнаи шахшудаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем. Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон Сарфармондеҳи Олии  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Аз ин хотир на танҳо дар забон, балки дар амал тамоми нерӯи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Фаромӯш набояд кард, ки Ватани азизи мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон аст. Дар ин сарзамин, зану фарзанду модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунанд. Аз ин хотир муҳофизати ин сарзамин на танҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Дар охир ҳамаи иштирокдорон аз баргузории чунин як вохӯрии судманд изҳори  қаноатмандӣ  намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg