БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕДОР СОХТАНИ ТАФАККУРИ ҶАВОНОН НИСБАТИ ХАТАРҲОИ ТЕРРОРИЗМУ ЭКСТРЕМИЗМ

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиаттҳои миллӣ. Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №53-и Ҷамоати шаҳраки Ҳулбук бо иштироки намояндагони ҳизбӣ вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоӣ доир гардид.

Зимни суҳбат бо хонандагон масъулини ҳизбӣ оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон аз ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ ба монанди террорзим ва экстремизм суханронӣ намуда, қайд карданд, ки терроризм яке аз роҳҳои ба амалбарорӣ ва тарзу усули бурдани муборизаи сиёсӣ бо истифодаи афкори даҳшатзо ва тарсафканӣ бо роҳи таҳдиду таҷовуз ва зӯроварӣ ҷиҳати бедор кардани тарсу ҳарос, ваҳмангезӣ дар вуҷуди инсонҳо мебошад. Бинобар ин ҳар яки моро, алалхусус ҷавононро зарур аст, зиракии сиёсиро аз даст надода, дастаҷамъона аз шомил шудан аз ин гуна гурӯҳҳо худдорӣ намоем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg