БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи дастовардҳои бузурги давлату миллат вазифаи ҳар як фарди ҷомеа мебошад

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шуъбаи ҳифзи муҳити зист” баргузор гардид.

Мақсад аз баргузории вохӯрӣ ба дарки ҷомеа расонидани муҳтавои дастуру супориш ва ҳидоятҳои Пешвои миллат дар вохӯрӣ бо фаъолони ҷомеа, ки санаи 12 майи соли 2018 доир гардид, арзёби карда шуд. Аз ҷониби масъулин суханрониҳои Роҳбари давлат бо аҳли зиё шарҳу тавзеҳ дода шуда, инчунин оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ,  ҳадафҳои Барномавӣ ва Оинномавии ҳизб, тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ,  муқовимат бо коррупсия, рушди ҳунарҳои мардумӣ ва хоҷагидорӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи баланди ватандӯстиву худогоҳии миллӣ, риояи талаботи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳм гузоштан дар корҳои ободониву созандагӣ баҳри пешрафту шукуфоии Ватан андешаронӣ карданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg