
ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси татбиқи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя месозем!» дар деҳаи Наврӯзи Ҷамоати деҳоти Нури Вахш бо дастгирии сокинони деҳа тариқи ҳашари дастаҷамъона ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ ва бо мақсади шароити хуби таҳсил фароҳам овардан ба хонандагони деҳаи мазкур сохтмони синфхонаҳои иловагӣ оғоз гардид.
Дар оғози сохтмон сокинон Аксияи ҳизбии “Якҷоя месозем!” ва сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, дар корҳои сохтмонӣ саҳм гузоштанд.