БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

“ХИЁНАТ” ФИЛМЕ, КИ МАҚСАДИ НОПОКИ НАҲЗАТИҲОРО ФОШ НАМУД

ВОКУНИШ. Ҳар як шахс гарчанде шоҳиди ҳодисаҳои мудҳиши солҳои навадуми асри гузашта набошад  ҳам, баъди тамошои филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” шоҳиди ҷиноятҳои гӯшношунид ва хиёнати ба миллату давлат намудаи аъзои ташкилоти террористӣ - экстремистии Ҳизби наҳзати ислом мегарданд. Зеро филм дар асоси далелҳои раднопазир аз ҷониби шоҳидони ҳол таҳия ва пешкаши томошобинон гардонида шудааст.

Ташкилоти террористӣ-экстремистии Ҳизби наҳзати ислом аз ибтидои фаъолияти пинҳонкориаш  мақсаду нияти нопок дошт ва аъзоёнаш онро дар парда  чунон рангу тобиш медоданд, ки қисме аз одамони зудбовар дар симои онҳо ҳомиёни худро диданд. Вақте парда биафтод, диданд ва фаҳмиданд, ки ин  ҳомиёни бо ном чӣ нияти нопокеро амалӣ карданианд.  Вале аллакай дер шуда буд. Роҳбароини ҲНИ  дар асоси нақшаи пешакӣ кашида, ки  бо дастуру нишондоди хоҷагони хориҷиашон тартиб дода шуда буд, фарзандони як миллатро   ба минтақаҳо ҷудо намуда,  бар зидди якдигар ба ҷанг бархезонданд. 

Дар филм  аз забони шоҳидони ҳол ва наворҳои он  тамошобинон диданд, ки роҳбарони ин ҳизби хунхор барои тарсонидани мардум  ва онҳое, ки садди роҳи ниятҳои нопоки онҳо шудан мехоҳанд, ба чи  амалҳои зишт, буридани узвҳои асосии инсон, ҳабси одамон дар бочкаҳои тафсон ва дигар амалҳои ғайриинсонӣ даст задаанд.

Имрӯз он аъзоёни ин ҳизби террористӣ, ки дар маҳбасанд, аз карда пушаймонанд. Афсӯс мехӯранд, ки  ба доми фиреби саркардагони ин ҳизб афтода ба роҳи хато рафтанд. Онҳо ба сокинони кишвар  ҳушдор медиҳанд, ки дигар  ба суханони иғвоангезонаи думравони М. Кабирӣ М. Садриддин,  М. Салипур, С. Истаравшанӣ, ки ҳоло ҳам  хориҷ аз кишвар дар пайи ноором намудани фазои мамлакат ва ба амал овардани табаддулоти давлатианд, бовар накунанд. 

Баромадҳои ду - се хиёнаткор гарчанде  “саг меҷакаду корвон ба роҳаш меравад” монад  ҳам,  ба иззати нафси кас мерасад.

Барои наҳзатиҳое, ки имрӯз дар хориҷи мамлакат зиндагӣ мекунанд, тақдири миллат, Ватан, падару модар арзише надорад.  Гоҳ -гоҳ садо баланд намудани онҳо василаест, ки  соҳибонашон  гундае ба даҳонашон партоянд. 

Филми ҳуҷҷатии “Хиёнат” барои тамоми мардуми Тоҷикистон, ки ин хоку об барояшон азиз аст, ибратомӯз аст. Филм бо намоиш додани амалҳои хунин ва чеҳраи аслии гургонаи наҳзатиҳо, ки солҳои 90 - уми асри гузашта ба сари мадум оварданд ва имрӯз ҳам кӯшиши ноором  сохтани вазъи кишварро доранд, моро водор  ва вазифадор менамояд, ки дигарбора ба доми чунин равияҳои террористӣ - экстремистӣ наафтем. Ба қадри Истиқлолияти давлатӣ, ба қадри  ҳаёти осоишта ва зиндагии хушбахтонаамон, ки       дар натиҷаи     заҳмату меҳнат  ва  кӯшишҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар роҳи сулҳофарӣ ва давлатсозӣ ба даст  омадааст,  бирасем.

Саидҷалол Сатторов, роҳбари гурӯҳи таҳлилӣ, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg