БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚОНУНЕ, КИ БАХТУ ТАХТИ МОСТ

АНДЕША. 6-уми ноябри соли 2020 мардуми точикистон 26-умин солгарди Конститутсияи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу ҷалоли хоса ҷашн мегиранд. Бо назардошти ин далел, ки мо тули беш аз ҳазор сол дар ҳолати бедавлатӣ қарор доштем, инчунин як қисмати таърихи начандон дури мо дар доираи низоми давлатдории умумишӯравӣ ҷараён гирифта буд. 26-солагии Конститутсия барои мо ҳамчун ҷашни шаклгирии давлатдори миллӣ ва таҳкими амнияту суботи сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон аҳмият ва шукуҳи хоса дорад. Дар давоми ин солҳо халқи тоҷик ҳамчун баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимяти давлатӣ сарнавишти худро тибқи муқарароти ин ҳуҷҷати воқеан тақдирсоз муаян намуд. Миллати тоҷикро бахту саодати бузӯрге насиб шудааст, ки соҳиби чунин Конститутсияи сазовор мебошад. Агар мавқеи илмӣ ва ҳам шаҳрвандӣ мутахасисони худиро дар масълаи арзёбии Конститутсия як сӯ гузорем, ба эътибори коршиносони дақиқсанҷи як қатор давлатҳои пешрафтаву мутамаддини ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи  байналмилаллӣ аз қабили Созмони Миллали Мутаҳид ва созмонҳои Амният ва ҳамкори дар Аврупо Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз намунаҳои беҳтарини Конститутсияҳои демократии ҷаҳонист эътироф намудаанд. Албата худи моҳияти Конститутсия аз ин гувоҳи медиҳад, ки ин падида хусусияти  мушаххаси таърихӣ дорад. Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихӣ ва инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаётан муҳимми ҷомеа огоз гардид. Дар Конститутсияи ҶТ 3-маротиба таъғиру илваҳо (2003,1999, 2016) ворид карда шудааст. 6-ноябри соли 1994 Конститутсияи ҶТ бо роҳи райпурсии умумихалқӣ қабул гардид. Нақши сокинони кишвар дар қабул ва ворид намудани тағиру иловаҳо басо арзанда ҳисобида мешавад. Ҳамин буд, ки а ҳамин натиҷа соли 1994 аз ҷониби мардуми кишвар ин қонуни асосӣ маъқул дониста, қабул гардид. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз дастовардҳои бузурги мардуми Тоҷикистон буд, зеро заминаи ҳуқуқии бунёди давлати тозабунёд ва соҳибистиқлоли тоҷикон, шакли ифодаи ҳуқуқу ормонҳои давлаттдории миллӣ, ҳимояи ҳадафу  манфиатҳои миллии осори таърихӣ ва фарҳангӣ мебошад. Дар Конститутсияи ҶТ соҳибихтиёрӣ, истиқлолият ва тамоми арзии Тоҷикистон, дахлнопазирии ҳудуди кишвар,  моҳият ва вазифаҳои давлат, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд забони давлатӣ, рамзҳои давлатӣ ва шакли давлатдории Тоҷикистон ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат асосҳои иқтисодиву сиёсӣ, иҷтимоиву фарҳангии давлат ва ҷомеаи Тоҷикистон эълон шудаанд. Дар моддаи 1-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, ки Тоҷикистон чун давлати соҳибихтиёр демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад. 

Раҳмоил Ҳамидов, аъзои маҳфили “Волонтиёрони ҳизбӣ”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg