БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОФТОБРО БО ДОМАН ПӮШОНИДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Дар ҳақиқат ҳар як мақолу  гуфтори пандомўзи аз ниёнони мо ба мерос монда бе ҳикмат нест. Мақолу зарбулмасалҳо хеле зиёданд ва ба назар мерасанд, ки  маҳз барои  одамони даврони мо гуфта шуда бошанд. Чунончи зарбулмасале   бо гуфтори зайл «Зоғро агар бо гулоб шӯянд ҳам, сафед намешавад» дар байни мардум маъруф мебошад. Агар ба маънои аслии ин масал назар андозем аён мегардад, ки мақоли зикргардида нисбати  одамони бадгуҳар, фосиқ, ҷинояткор, туҳматчӣ, ғайбатчӣ, фитнагар ва амсоли инҳо гуфта шудааст, ки бо худсафедкунӣ, таърифу тавсифи ҳаммаслаконаш намешавад хислатҳои хабиси ин тоифаро рупӯш намуд. Мутаассифона дар ҷомеа ашхосе ҳастанд, ки мехоҳанд худро паси пардаи дин пӯшонанд ва чеҳраи манфури худро ҳамчун тақводору парҳезгор ва ё пуштибони дину мазҳаб ва ё ғамхори миллат  нишон диҳанд вале бехабар аз онанд, ки як рӯзе парда меафтаду рӯи аслии онҳоро мардум  мебинанд. Агар ватанфӯришию мазҳабфӯришии роҳбари  ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ борҳо аз ҷониби давлат ва ё шахсони наздики он исбот гардида бошад ҳам, ин фурӯхташудаи  ҳалқабаргӯш далелҳоро рад мекунанд ва худро як «ғамхори дину миллат» нишон медиҳанд, вале бо гӯш кардани суҳбати маҳрамонаи Муҳиддин Кабирӣ ва маъшуқааш   метавон бараъло аз ки будану ба чи кор машғул шудани ин роҳгумзадаи хоин огоҳӣ пайдо кард. Агар  ватанфурӯшию мазҳабфурӯшии М.Кабирӣ аз ҷониби як нафари  ба қавле бегона гуфта мешуд, радшаванда буд, вале чун аз ҷониби маъшуқааш гуфта шуд ва ин хиёнаткор натавонист рад кунад, баръакс бо як лафзи қабеҳ дашномҳо карду халос. Ҳамзамон ин суҳбати маҳрамона метавонад исбот намояд, ки роҳбари  ташкилоти террористию экстремистии ҳизби наҳзат  аз давлатҳои Эрон, Покистон, Туркия маблағҳои калон гирифтаву дар паи амалӣ намудани ҳадафҳои ғаразноки хоҷагонаш мекушид ва мехост дар ҷомеа мазҳаби бегонаро ҷорӣ намояд. Чун дар  ҳар як баромади худ  аз дин ва рукнҳои ислом истифода менамояд,  дар муошираташ маълум мегардад, ки ин ҳамон воизе ҳаст, ки дар хилват кори дигаре мекунад. Имрӯзҳо ҳамагони симои разилонаи ташкилоти террористӣ- экстремистии ҳизби наҳзати исломиро аз дидаву шунидаҳо ошкор карда намехоҳанд ба доми  нохалафони миллаткуш афтанд. Ҳар шахс пас аз шунидани суҳбати маҳрамонаи М.Кабирӣ бо маъшуқааш ва ё зани дувумаш метавонад  дарк намояд, ки  ин  шахси касиф танҳо дар забон номи поки Худо дораду ба амалҳои бешарафонаву разилона  ба мисли одамкушиву террористӣ, қатлу куштор, фаҳшу зино даст мезанад. Агар Муҳиддин Кабирӣ аз дину мазҳаб огоҳӣ медошт, ҳеҷ гоҳ бо як  зан дурушт муомила намекард ва ҳеҷ гоҳ бар миллату давлат хиёнатро раво намедид. Зеро хиёнат ба давлат  хиёнат бар модар аст, ки хеҷ гоҳ бахшида намешавад.

Худойдод  Ёров,  мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg