БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАС АСТ ХИЁНАТ ВА МАРДУМФИРЕБӢ!

ВОКУНИШ. Мо оқибатҳои ҷанги таҳмиллии шаҳрвандиро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ ва таҳрибкориҳои гаронфарҷом гардида, таъсираш то ҳол аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем. Ин ҷанги фоҷеабор ба ҳамагон сабақи бузурги таърих гашт, тафовути неку бад ва садоқату хиёнатро аёнтар намуд, аҳамияту моҳияти сулҳу дӯстиву рафоқатро бори дигар таъкид сохт, ниқоб аз чеҳраи мансабталошону ҷоҳталабон бардошт ва инак, мардуми шарифи Тоҷикистони вораҳида аз вартаи муҳлик шукрона мегӯяд, ки “Ҷанги бунёдсӯзи мо бигзашт сулҳи бунёдкори мо омад”.

Агар мо ба таърихи пайдоиши ТЭТ ҲНИ рӯ оварем, ки дар ибтидо он як нерӯе буд, ниқоби дин дар ин чеҳра. Ин ҳизб тадриҷан тавассути ҳиллаву найранг ва бо истифодаи номи поки дини ислом, таҳвилу таҳрифи оятҳои Қуръони карим  одамонро фирефта намуда, ба коми худ кашид. Гурӯҳе гумон карданд, ки ҳизби наҳзат адолатро ҷорӣ мекунанд ва онҳо дар фазои сулҳу оромӣ зиндагӣ хоҳанд кард, аммо вақт нишон дод, ки ҳадафи аслии ин ҳизб танҳо ва танҳо ба даст овардани ҳокимияту давлату сарват будааст. Сарварону думравони ТЭТ ҲНИ ҳаргиз иқрор шудан намехоҳанд, ки ҳамчун силоҳ ва сипар истифода кардани дини пок бузургтарин гуноҳ, хиёнат ба фармудаҳои башар парваронию муҳаббат бори Қуръони маҷид ва ҳадисҳои инсондӯстонаи Паёмбар аст. Ҳадафҳои волои дини Ислом мусоидат ба зиндагии поку осоишта ва пурсароҳату бунёдкоронаи мардум аст, на ҷангу пархошу талош ва мансабу қудрат. Душманони миллати тоҷик ба ҳар роҳу восита мехоҳанд фазои осоиштаи кишвари моро халалдор намоянд. Аз хориҷ истода тақдири тоҷиконро ҳал карданӣ мешаванд, ин тоифаи нотавонбин.

Тариқи телевизионҳои моҳворавӣ ва шабакаҳои интернетӣ онҳо ба халқи азизи мо таҳдид мекунанд, сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурӣ ва Ҳукумати кишварро, ки ба таъмини сулҳу субот ва пешрафту тараққиёти мамлакат равона карда шудааст, мавриди интиқод қарор медиҳанд. Мехоҳанд бо воситаи ашхоси каҷтинату кинавари дохили диёр, аз ҷумла, баъзе афроди хиёнатпеша таблиғот бурда, ҷавонони ноогоҳро фиреб ва онҳоро ба муқобили Ватану миллати худ барангезанд. Мо хуб дар хотир дорем, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар майдони “Шоҳидон” чи гуна шиорҳо буданд, кадом ояту ҳадис бо тафсиру таҳвилҳои бардурӯғ ноқис ба мардум расонида мешуданд.

Шиорҳои иғвобунёди “Озодӣ!”, “Истеъфо!”, “Аз хоби гарон хез!” дар якҷоягӣ бо аҳкоми динӣ пешкаши одамон мешуданд, ки дар натиҷа аз ҷониби тарафдорони ТЭТ ҲНИ таҳрифкориҳои зиёде амалӣ мегардиданд. Ҳақиқат хоҳ нохоҳ (баъзан дер бошад ҳам) ошкор мегардад. Мардуми сулҳпарасти тоҷик ниҳоят аз асли матлаби наҳзатиён ним косае зери косаи онҳо огаҳӣ дарёфтанд ва ба ин гурӯҳи хиёнатпеша нафрат хонданду аз он рӯй гардонданд. Имрӯз мо аз ҳар гуна ҳизбу харакатҳои бо ном Ислом, ки динро фақат барои фирефтан ва гумроҳ намудани халқ истифода мебаранд, бояд ҷиддан эҳтиёткор бошем. Имрӯз моро ҳам фарзу ҳам суннат аст, ки ёру дӯстон, хешу ақрабо, тамоми ҳамватанонро аз макру ҳилла ва найрангбозиҳои наҳзатиён ва дигар ҳизбу ҳаракатҳои ба ном Исломӣ ва баъзе одамони дурӯя ва хоинони миллат (мисли М.Кабирӣ ва пайравони ӯ) огоҳ созем.

Сулҳи тоҷикон муфту осон ба даст наомадааст ва аз ин рӯ ҳамагон бояд тамоми кӯшишро ба харҷ диҳем, то парчами сулҳамон ҷовидон ҷилвагар бимонад. Халқи шарафманду сарбаланди тоҷик бо раҳнамоиву ҳидоятгариҳои хирадмардонаи фарзанди асилу садоқатпешаи худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста пеш меравад, ба комёбиҳои тоза ба тоза шарафёб мешавад ва дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи шоиста пайдо мекунад. Мо, аҳли Тоҷикистони соҳибистиқлол, комилан ҷонибдори Пешвои муаззами хеш мебошем.

Ш. Зарипов, директори МТМУ №62-ноҳияи Кӯшониён.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg