БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАР АМАЛИ БАД БЕ ҶАЗО НАМЕМОНАД

ВОКУНИШ. Сиришти инсон ба он хотир аз гул офарида шудааст, ки ҳалиму хоксор ва фурӯтаниро дар ниҳоди худ ҷой диҳад. Ҷаҳлу нодонӣ ба инсонҳое рост меояд, ки бидуни худро фаромӯш кардаву ба ҷони ҳазорон нафарон зулму ситамро раво дода хуни ноҳақ мерезанд. Куштору хунрезӣ овардан ба хеши суни маҳзаб намезебаду фалокат боқӣ мемонад. Дар ин бора дар китоби муқаддаси Қуръони Карим омадааст «Ва ҳар ки мӯминеро барқасд бикушад, ҷазои ӯ ҷаҳаннам аст, ки дар он абади хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм гираду лаънаташ кунад ва барояш азобе бузург омода созад» (сураи Анбиё) модоме ки Муҳиддин Кабирӣ додгоҳи Ислому ақоиди каломи осмониро тарафдорӣ кунад чаро боиси кушта шудагони бандаҳои Худо гашт?

Ватандорӣ аз гӯшаи имон бошад, чаро Кабирӣ дар хориҷи кишвар нисбати гӯшаи имон суннатҳои поку беасарро аз забони касифаш баланд мекунад? Пуштибону ҳифзнамои дин ва давомдиҳандагони китоби Худо ва расме Худо Муҳаммад (с.а.в) бошад бояд зинда гурондани як фарди бегуноҳи ҳамватани худ чи маъно дорад? Кабирӣ боят инро донад. Халқу миллати азиятдида ӯро намебахшад. Давлат ва ҷомеаи хориҷ ба ӯ вафодорӣ намекунад. Назди Худо ва китоби муқаддаси Қуръон муҷрим шуд. Боғи бунёдкардаи ӯ танҳо талхмева ба бор меорад. Ба мақсадҳои нопокаш рӯсиёҳ мемонад.Тоҷик будану мусулмон эътироф шуданро ифлос кард. Сару сазоҳои ӯ ба ҳеҷ ҷой намерасад ва  пирӯз ҳам намешавад. Ҷабру ситами ӯ нопойдор хоҳад монд.

Ҳукумати Тоҷикистон бо Пешвои муаззами худ роҳ ба ояндаи некро дар пеш дорад Кабирӣ ва ҳаммаслаконаш ҳеҷ гоҳ иттиҳоду ягонагии мардуми босаодати диёрро пароканда карда наметавонад. Мардуми кӯҳанбунёд акнун сиёҳро аз сафед, хайрро аз шар, дӯстро аз душман, хуширо аз шурбахтӣ ҷудо карда метавонад. Ҳар фарди бедордили кишвар ба қадри дастовардҳои давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус заҳмату талошҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмонро қадр менамояд ва содиқона хизмат мекунад. Ҷуриши Кабирӣ кабир шуд ва дониста бошед, ки ҳар амали бад бе ҷазо намемонад. Ба қавли устод Рудакӣ :

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд, бади нест фаромӯш.

М.Мамадғафурова, мудири китобхонаи деҳаи С. Айнӣ Ҷамоати деҳоти Навбаҳори ноҳияи Кӯшониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg