БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН СОЗАНДАГОНИ ВАТАНАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Роҳбари намояндагии  ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Фархор Раҳимова Маъмурбӣ дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии  №9 мулоқот баргузор намуд.

Зимни суҳбат  Раҳимова  Маъмурбӣ дар суҳбат оид ба тарбияи ватандӯстӣ суханронӣ намуда,  иброз доштанд, ки Ватан, зодгоҳ, калимаи зебо ва гуворост, ки бо шуниданаш хонаву дар, гаҳвора ва модар пеши назар меояд. Ватан сарнавишту қисмати ҳар як инсон, модари мушфиқу меҳрубон аст. Агар модари аслӣ моро ба дунё оварда бошад, Ватан ба сарамон дасти навозишкорона гузошта, барои идомаи зиндагии рангин оғӯш кушодааст.

Myҳaббат ба Ватан асосан дар давраи кӯдакӣ зоҳир шуда, минбаъд ташаккул меёбад. Инсон ба ҳар зарра  хоку  ҳар қaтpa оби Baтан ончунон дил мебандад, ки бе он наметавонад хушбахту бахтиёр бошад. Ҳиссиёти ватандӯстӣ ин худ садоқат ба Ватан, саъю кӯшиш ба нафъи вай xизмат кардан мебошад.

Вале вазифаи мо танҳо аз Ватан ва бузургони миллат ифтихор кардан набуда, ба корнамоӣ ва ҷонфидоии нав, кашфи падидаҳои нодир вобаста аст. Агар ҳамаи мо аз олами расму русум ва анъанаҳои милливу башарӣ баҳраманд гардем, Ватани соҳибистиклоли мо низ ба шумори давлатҳои тараққикарда ва мутамаддин ворид хоҳад гашт. Шукуфоии Ватан аз масъулиятшиносӣ ва некандешии мо вобаста аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg