БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЭЙ ҲАМВАТАН, БАҲРИ СУЛҲУ СУБОТИ КИШВАР БА ҲАМ ШАВЕМ, БА ҲАМ ШАВЕМ!!!

АНДЕША. Воқеан  ҳам, ТТЭ  ҲНИ  аз  рӯзҳои нахустини ташкилёбиаш душманиро сар кард, то кунун душмани  халқу  миллат, душмани  ваҳдату амният  ва  душмани  фазои  орому  осудагии  мардуми  кишвар мебошад.

Маҳз сулҳу субот ва оромиву осоиштагӣ метавонад боиси рушду инкишофи  давлат  ба  ҳар  халқу  миллат  бошад.

Бо  дарназардошти  ин, тибқи  дастуру  супоришҳои  халқпарваронаи Пешвои  миллат, сиёсати   ғамхоронаи  Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумат  ва  роҳбарияти  мақомотҳои  қудратии  Тоҷикистон   ба  он мекӯшад, ки  бо  роҳу  усули  фаҳмондадиҳӣ ва амалҳои инсонпарварӣ раҳгумзадагонро ба роҳи росту дуруст ва ба ҳаёти воқеан инсонӣ баргардонад.

То ба  ҳадде   гуноҳҳои  онҳоро, ҳатто  ки  нобахшиданист  мебахшаду  кӯшиш  менамояд, ки  онҳоро  ҳамчун  як  шаҳрванди  инсондӯсту  ватандӯст ва  бо  масъулият  зиндагӣ  карданро  омӯзанд  ва  аз  роҳи  торикиву  ҷаҳолат баргардонд.

Мутаассифона Кабириву пайравонаш ва дигар ташкилоту гурӯҳҳои дигари   виҷдонфурӯшу  имони заифдошта ҳама зодагон  ва  тарбиятгирифтагони  Тоҷикистонамон  ҳастанду баъди  гумроҳ  гаштан  ва ғуломи  ҳалқабаргӯши  хоҷагони  хориҷӣ  гардидан, танҳо дар фикру андешаи таъмини нафси бади хешу   амалӣ намудани нақшаҳои нопоки хоҷаҳояшон  шуда, ҳамарӯза аз пайи  туҳмати шахсиятҳои баландпояи миллату давлат  ва  низоандозӣ  миёни  халқи  Тоҷикистон  ҳастанд.  Ҳамаи  рафтору  гуфтор  ва  пиндори  ин  одамсуратони шайтонсират, ки худро  аз  миллати  бофарҳангу  ботамаддуни  тоҷик  муаррифӣ  мекунанду  чун  душманони  миллат  барои  аз байн бурдани сулҳу субот ва  амнияти  миллати  тоҷик  мубориза  мебаранду тариқи барномаҳои иғвоангезашон чӣ “Садои мардум” ё чӣ “Минбари Муҳоҷир” соҳиби маблағҳои зиёди ҳангуфт мешаванд.

Овардаанд,ки  “Хиёнат  ба  миллату  давлат  нобахшиданист”, маҳз  таърих  исбот  кардааст,ки  ҳамин  афрод  хиёнаткоранду  дар қатлу куштор, бегуноҳ гаравгону  бераҳмона  ба  азобу  шиканҷа  гирифтор  шудани  сокинони кишвар  даст  доранду  миллату  Ватан  ҳеҷ  гоҳ  онҳоро  намебахшад.

Бидуни замон низ ин хиёнаткорони мазҳабӣ аз ҳамон тарзи баёни ақидаву андешаи  маъмулиашон  маълум аст,ки  наҳзатиҳо таҳти роҳбарии хоину  мазҳабфурӯши  Кабирӣ  гурӯҳҳои  бадхоҳу узви ТТЭ ҲНИ-  Тоҷикистон   будаву  бо  таъсиси    ташкилоте  бо  номи  (Паймони  миллӣ)  дигар  ҳаммаслакони  хешро  муттаҳид  сохтаву чӣ дар дохили  кишвар  ва  чӣ  дар  хориҷи  кишвар  ягон  манфиате  ё  фоидае  надорад  ба ҷӯз аз буҳтонҳову дурӯғҳои бофтаву беасос танқиди нодида гирифтани дастовардҳои даврони соҳибистиқлолии кишвар, ки бевосита бо заҳмату машаққатҳои  зиёди  халқи  азизи  Тоҷикистон ба даст омадааст барномасозӣ менамоянд,  вале  намедонанд, ки  талошҳои ин хоинону хиёнаткорони миллату  кишвари  Тоҷикистон   ба  онҳо  суде  наоварда , зери маҳкумсозии халқи кишвар, алалхусус ҷавонони баору номуси миллат мегарданд.

Аз бузург то хурдсоли насли навраси кишвар медонанд, ки натиҷаи ҳамаи  ҳадафҳои  хиёнаткорони  миллате, ки  аз  хориҷи  кишвар  ба сӯи Ватан садо баланд мекунанд, танҳо ноором сохтани фазои сулҳу суботи кишвар  ва  дигарбора  ба  хоку  хун  оғушта  намудани  миллату  кишвар  асту  ва  маҳз  ин  гурӯҳи  хоинону  миллаткӯшро   ташкилоти  экстремистию  террористии  ҳизби   наҳзат  бо  роҳбарии  Муҳиддини  Кабирӣ  нақши   калидӣ   бозида  ин  барномаро  бо  маблағгузориҳои  хоҷаҳои  хориҷиашон  роҳандозӣ  менамоянд.  Ин  ҳама  аъмоли  содирнамудаи  онҳо, ки  саросар  ҷиноятест, бо ин ҳама  узрхоҳиҳои   роҳбарашон  Муҳиддин  Кабирӣ, ки аз номи ҳаммаслаконаш  тариқи  барномаҳои  онлайнии  шабакаҳои  интернетӣ  садо  додааст, аз  ҷониби  миллати  тоҷик   ҳеҷ  гоҳ  бахшида  намешавад  ва  чизеро  тағйир  нахоҳад  кард, зеро  аз  зеҳни  мардум  онро наметавон  пок  сохт.  Шукронаи  Эзиди  пок,ки  халқ  дар фазои сулҳу суботи кишвар хушнуду  зиндагии  орому  осуда  дорад ва шукргузор аз давлату давлатдории имрӯзаамон,ки бевосита таҳти роҳбарии Пешвои миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  аст  ба  сар  мебаранду   ҳаргиз  хиёнату амалҳои  разилонаву  ваҳшиёнаи  наҳзатиёнро  фаромӯш  намекунад.

Эй  ҳамватани  дохилу  хориҷи  кишвар, азизони  ба  ҷону  дил  баробар  дӯстатон  медорам, биёед  якҷо  ба  ҳам  шавем, месазад, ки  ин  сулҳу суботи Худододро яке  аз  муқаддасоти  миллӣ шуморида, чун гавҳараки чашм  ҳифзаш  намоему арҷ гузорем ва барои  пойбарҷову  ҷовидона  монданаш  ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллату Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  бошему   баҳри  гулгулшукуфии  меҳани азизу  ҷоноҷонамон  Тоҷикистони  биҳиштосо  саҳмгузор  бошем.

Эй ҳамватан, ба хотири шири сафеди модарон,

Шавем ҳамқадам бо корвон, бо корвони ин замон.

Муҳаммаддовуд Ҳалимов, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg