БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИСИ ҶАМЪБАСТӢ ФАЪОЛОН ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз маҷлиси ҷамъбасти 9 моҳаи Кумитаи иҷрои ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва вазифаҳои навбатӣ  дар се моҳи соли ҷорӣ доир гардид, ки дар он аъзои Раёсат, Кумитаи иҷроия ва раисони ташкилотҳои ибтидоӣ иштирок намуданд.

Дар маҷлис  фаъолияти нуҳмоҳаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ ва вазифаҳои навбатӣ барои семоҳаи чоруми соли 2020 ва фаъолияти ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ  мавриди баррасӣ қарор дода шуда, аз рӯи масъалаҳои мазкур шахсони мутасаддӣ ҳисобот дода, қарорҳои Раёсат якдилона қабул карда шуданд.

Дар рафти маҷлис қайд гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ  маъракаи муҳими сиёсӣ ва сарнавиштсози таърихӣ интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид ва дар баргузории ин чорабиниҳо саҳми босазои аъзои ҲХДТ дар ноҳия бараъло дида шуд.

Сипас,  раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии «Литсейи касбӣ- техникӣ», «МНДСЭН», “Фарҳангчиён” ва “Беморхонаи марказӣ” ба музокира баромада, оид ба фаъолияти худ дар 9 моҳи соли 2020 ҳисоботи муфассал пешниҳод намуданд.

Дар фарҷом ба аъзои фаъоли ҲХДТ Сипосномаи Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия тақдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg