БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАР МАҶЛИС ВАЗИФАҲО МУАЙЯН ГАРДИДАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ вохӯрии муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло бо кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия баргузор гардид.

Дар баромадашон Дилафрузи Абдулло аввал кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳияро ба муносибати пируз  гаштани Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику гуфт. Баъдан мавсуф  дар бораи иҷрои нақшаи Обуна -2021 суханронӣ намуда,  кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия, ки сарапарастони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ мебошанд, вазифадор гардиданд, ки иҷрои нақшаи Обуна - 2021-ро то аввалҳои моҳи ноябри соли равон иҷро намоянд. Раиси Кумитаи иҷроияи ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода Дилафрузи Абдуллоро бовар кунонид, ки Кумитаи иҷроияи ноҳия дар ҳафтаҳои наздик аз иҷрои нақшаи обуна хоҳад баромад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg