БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИБОҲ БАХШИДА МЕШАВАД, ВАЛЕ ХИЁНАТ БАХШИДА НАМЕШАВАД

ВОКУНИШ. Дар раванди тезутунди ҷаҳонишавӣ,  бархӯрди тамаддунҳо, пешрафти бемайлон ва дастрасии умум ба техника ва технологияи муосир қарор дорем. Вале ин ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки ҳар хабару гузориш, нуқтаи назари мухталиф ба амнияту оромии  мардум халал ворид созад.

Алалхусус, дар ин рӯзҳое , ки дар арафаи баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем, як зумра афроди тафриқаандоз, ки зархаридони хоҷагони бегонаанд, бо хабару хулосабарориҳои ғалат ва ғаразноки худ кӯшиш доранд, ба пойдевори мустаҳками  ваҳдату ягонагӣ, сарҷамъии  миллат рахна зананд. Рӯзгори осуда ва хотири ҷамъи мардумро парешон созанд. Вале мо ба хиради азалии  мардум эътимод дорем. Халқи тоҷик дар  ҳама давру замон халқи ободкор, сулҳофар ва маърифатпарвар буда, аз тундгароӣ  ва ифрот  дурӣ  меҷӯст. Ин аст, ки асарҳои  ҷаҳоншумул, осори пурғановати фарҳангу тамаддун ва асолати хешро ҳазорсолаҳо нигоҳ дошта тавонист. Он зумраи ифротиёне, ки чун ақраб бо неши заҳролудаи худ ба қалбу руҳу равони халқ таъсир мерасонанд ва бо  ин амалҳои худ чунин мепиндоранд, ки муваффақ шудаанд, ғалати маҳз мекунанд. Чунки халқ тӯли қариб 30 соли даврони соҳибистиқлолӣ, тӯли солҳои баъд аз ҷанги таҳмилӣ хулосаи даркориро баровардаанд ва медонанд, ки дар набарди қувваҳои некию бадӣ кӣ ғолиб меояд.

Халқи тоҷик дарсу сабақи ватансозӣ ва сулҳофариро хуб омӯхтааст ва дигар фирефтаи суханпардозию «дилсӯзиҳо» - и аҳриманзодагони ифротгар нахоҳад гашт.

  Меҳанпаристию созандагиро пешаи худ намуда, зери ливои сиёсати Сарвари

  муаззами худ Ватанро обод месозем.

Нест бод хоинони наҳзат!

Тоҷикистон ба пеш!

Ба сӯи қуллаҳои баланди музаффарият бо Пешвои миллат!

 

Насриддин Вафо, муовини раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg