БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Табибон сиёсати сулҳпарваронаи Пешвои миллатро дар амал татбиқ мекунанд

КӮЛОБ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” ҷиҳати шарҳу тавзеҳи нуктаҳои асосии суханронии Пешвои миллат дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Валиева Саъбагул ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Таваллудхонаи вилоятӣ” Ёрмадова Зифнунбӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зикр шуд, ки суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо намояндагони ҷомеаи кишвар дар арафаи моҳи шарифи Рамазон бениҳоят муҳимму ибратбахш буд. Пешвои миллат оид ба анҷом додани корҳои хайру сахо дар арафаи моҳи шарифи Рамазон дастуру супоришҳо дода, ҳамзамон вобаста ба хатарҳои терроризму экстремизм низ ҳушдор намуданд ва ҳамчун Сарвари хирадманд моро бар он таъкид сохтанд, ки нисбат ба ҳар вақти дигар зираку ҳушёр бошем, дар ғафлат намонем, манфиату зарари худро дар гуфтору амали хеш дуруст дарк кунем, ба қадри бузургтарин неъмату дастовардҳои зиндагиамон – истиқлолияту озодӣ, соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу оромӣ ва Ваҳдати миллӣ расем.

Дар навбати худ иштирокдорон низ баромад намуда, гуфтанд, ки сиёсати сулҳпарваронаи Сарвари давлатро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, ҳар ҳидояту Паёмҳои Пешвои миллатро ҳамчун дастурамали корӣ дар фаъолияти ҳамарӯзаи худ истифода хоҳанд бурд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg