БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРГУЗОРИИ МАҶЛИСҲОИ ТАШКИЛОТҲОИ ИБТИДОИИ ҲИЗБӢ ИДОМА ДОРАНД

ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар толори маҷлисгоҳи Шабакаҳои барқи ноҳия маҷлиси ташкилоти ибтидоии "Шабакаҳои барқ" оид ба  натиҷагирӣ аз фаъолияти нӯҳмоҳаи ин ташкилот баргузор гардид.

Сараввал ҷамъомадагон ҳисоботи раиси ташкилоти ибтидоии "Шабакаҳои барқ"- ро дар борои фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар нӯҳ моҳи соли 2020 шунида, баъдан қарорҳои лозимаро қабул намуданд.

Ҳамзамон, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба роҳбари ташкилот ва аъзои ҲХДТ барои саҳми арзандаашон дар баргузории интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ намуда, пирӯзии номазади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро борояшон муборакбод гуфт ва барои фаъолияти минбаъдаи ҳизбӣ як қатор маслиҳатҳо дод.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg