БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ: СОЛИМИИ ҶОМЕА - ҲАДАФИ АСЛИИ МО

ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои  миллӣ. Дар Маркази саломатии Ҷамоати деҳоти Тугарак бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ вохӯрӣ оид ба пешгирии мавҷи дуюми бемории сироятии коронавирус хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Зимнан масъулин  бо кормандони Маркази саломатӣ вобаста ба бетараф набудан баҳри солимии шаҳрвандон, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозаву озода намудани гирду атрофи маҳали зист суханронӣ намуданд.

Иштирокдорон иброз намуданд, ки баҳри солимии хеш ва ҷомеа бетараф набуда, барои раҳоӣ ёфтан аз сироятёбӣ аз бемории ҳамагир ба қоидаҳои беҳдоштӣ ҷиддӣ муносибат менамоем.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg