
ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ва дигар бемориҳои сироятӣ кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ бо намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ҷойҳои серодам суҳбатҳои сарироҳӣ доир намуданд.
Дар ин вохӯрӣ намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуда, даъват ба амал оварданд, ки ҳар як шахс бояд дар ин вазъияти ҳассос гигиенаи шахсиро риоя намуда, барои пешгирии бемориҳои сироятӣ мусоидат намоянд. Ҳамзамон, иштирокдорон иброз намуданд, ки онҳо ҳатман гигиенаи шахсиро риоя намуда, барои пешгирии ин беморӣ мусоидат хоҳанд кард ва бо ин амал худро ва атрофиёнро аз сироятёбӣ нигоҳ медоранд.
Дар охир ба онҳо аз тарафи намояндагони ТҶҶ “Созандагони Ватан” варақаҳои таблиғотӣ тақсим карда шуд.