БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН

ВИЛОЯТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар асоси нақшаи кории маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ”-и  назди Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон баҳри беҳдошти фазои экологӣ ва даъвати сокинон барои саҳмгузорӣ дар тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист Аксияи  ҳизбии волонтёрон-экологҳо дар боғҳои  фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Бохтар гузаронида шуд.

Дар рафти гузаронидани Аксияи ҳизбӣ волонтёрон бо шаҳрвандон суҳбатҳо анҷом дода, онҳоро ба тоза нигоҳ доштани ҷойҳои ҷамъиятӣ даъват намуданд ва  дар рафти чорабинӣ ба онҳо  барои маълумоти бештар пайдо намудан  варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд. Инчунин, дар нуқтаҳои муайян, аз ҷумла ҷойҳои серодаму чашмраси  гӯшаву канори боғҳо варақаҳои даъватӣ  насб карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg