БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Анъанаҳои неки мардумӣ дар маҳал эҳё гардида истодаанд

ПАНҶ. Эҳё ва густариш бахшидани анъана ва урфу одатҳои аҷдодӣ,  дар рушду нумӯи кишвар ва тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа моҳияту аҳамияти бузург дорад.

Бо ин мақсад, масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия дар ҳамаи деҳаҳои ҷамоати деҳоти Намуна  баргузории силсилавохӯриҳоро оғоз намуданд.

Максад, аз баргузории вохӯрӣ тарғибу ташвиқи урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ буда,  огоҳ кардани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи  тақвияти ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода  бурдани онҳо мебошад.

Сараввал сокинони маҳаллаи номбурда дар робита ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ намоиши маҳсулоти ҳунарҳои миллӣ, аз қабили ҷиҳози хонаи домоду арӯс, рафидадӯзӣ, сӯзанию гулдӯзӣ, куртаҳои  чакан,  деворию  қуроқдӯзиҳо, чахдеги дуғкашии қадима, маҳсулотҳои оҳангарӣ, хӯрокиҳои гуногуни миллӣ ва анвои нонӣ ба намоиш гузошта шуда буданд.

Масъулин аз намоиши ҳунарҳои миллӣ дидан намуда, иқдоми некро  хуб пазируфтанд.

Чорабиниро  бо сухани ифтитоҳи раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Файзиев Каримҷон оғоз намуда, ҳамагонро бо Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва моҳи шарифи Рамазон табрик намуда,  қайд кард, ки боиси сарфарозист, ки аз қадим ҳунармандони тоҷик бо ҳунари худ машҳур буда,  то имрӯз ин  ҳунарҳо аз насл ба насл  гузашта, имрӯз муаррифгарӣ халқи тоҷик шудаанд.

Ҳамзамон, даъват ба амал овард, ки ҷиҳати тарғиби урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар тарбияи насли наврасу ҷавон  дар рӯҳияи худшиносиву меҳандӯстӣ, ҳавасмандгардонии онҳо барои рӯ овардан  ба асолати миллӣ ва дар ин замина  бедор кардани ҳисси зебоипарастӣ ҳамагон  саҳми назаррас гузорем.

Дар охир 10 нафар сокинон ба сафи ҳизб қабул гардида, дар ҷамъбаст, ба беҳтарин ҳунармандони маҳаллаи Коммунизм туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

 

 

 

                                                       

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg