БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ барои зиндагии шоистаи халқ талош меварзад

ЁВОН. Мутобиқ ба ҷадвали баргузории суҳбату вохӯриҳо чанде қабл аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар деҳаи Мирамшоҳии ҷамоати деҳоти Даҳана  бо иштироки фаъолони деҳаи мазкур вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдуллоева Саёҳат бобати ғамхориву дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоса Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати таъмини зиндагии шоистаи мардум,  тарғиби арзишҳои миллӣ, фарҳанги либоспӯшӣ, баррасии Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, баррасии муҳтавои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», тарғиби тарзи ҳаёти солим ва дар партави суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон , ки 12 майи соли равон бо иштироки намояндагони ҷомеаи кишвар ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон баргузор гардид, андешаронӣ намуд.

Воқеан, Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон соли 1994 дар як вазъи ногувори сиёсӣ ба майдони сиёсат ворид шуда, дар давоми бисту чор соли фаъолияти худ собит намуд, ки дар ҳақиқат ҳизби созанда ва ташаббускор аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg