
Забони мо чу дарёи Дамон аст,
Ба қаъраш гавҳари тобон ниҳон аст.
Забони тезу бурротар зи алмос,
Забони Саъдии Шерозбон аст.
АНДЕША. Албатта, забон яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ буда, дар пойдор ва таҳкими давлати миллӣ нақши муҳим дорад.
Чуноне ки Пешвои муаззами миллат иброз медоранд, забони тоҷикӣ яке аз қадимтарин забонҳои Хуросону Мовароуннаҳр меросбари забонҳои бостонии ориёист. «Забони миллӣ ойинаи пурҷилои таърих, ҷаҳони маънавӣ ва хираду маърифати ҳар як халқу миллат ба шумор меравад. «Имрӯз аҳли олам моро бо номи «тоҷикон», давлатамонро бо номи «Тоҷикистон» ва забонамонро бо номи «забони тоҷикӣ» мешиносанду эътироф мекунанд». Бо ин забон садҳо ҳазорон бузургмардону нобиғагон дури сухан гуфтаанд ва осори безаволу мондагорро ба мо ояндагон мерос гузоштаанд, ки ин албатта барои ҳар як фарди бедордилу бо маърифат ва фарзанди асили тоҷик мояи ифтихор ва сарфарозист.
Забони модарӣ лафси бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан пайдо мешавад. Бесабаб ҳам нест, ки забони халқро руҳи халқ, ифодаи табиат ва пояи мавҷудияти он меҳисобанд. Воқеан ҳам забон гаронбаҳотарин неъматест, ки инсон ба воситаи он бо ҳам муомила мекунанд, бо тарзи зиндагии мардумони дигар ошноӣ пайдо мекунанд ва таҷрибаи зиндагии худро ба наслҳои оянда маҳз тавассути ана ҳамин забон ба мерос мегузоранд. Сарвари давлатамон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом таъкид менамоянд: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд». Аз ин рӯ мо тоҷикзодагони асил бояд мудом пайи он кӯшем, ки забони миллати хешро пок, беолоиш ва пойдор нигоҳ дорем. Нагузорем, ки эҳтироми ин забони бузург, лафзи поки модарӣ коста бигардад. Чунки пояндагии забони модарӣ бо мо забондорон вобастагии амиқ дорад. Ва дар ин ҷода вазифаи ҳар яки мо тоҷикзабонон аз он иборат аст, ки барои поку беолоиш ва орӣ аз ҳама камбудиву нуқсонҳои ғайр алфози модарии худро ҳифзу ҳимоя намоем ва мо пайравони Пешвои миллат нагузорем, ки ҳар нохалаф ва каҷбиноне, ки баҳри паст задани забони тоҷикӣ, миллати тоҷик ва давлати мо санг мезананд, ҷавобҳои муносиб гардонем.
Салоҳиддин Мирзобаротзода, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод