БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Ҳифзи муҳити зист, тозагии обу ҳаво дар беҳдошти зиндагӣ, шукуфоии ҷомеа ва солимии ҳар як сокини шаҳр мусоидат мекунад

БОХТАР. Илм исбот кардааст, ки ҳифзи муҳити зист, тозагии обу ҳаво дар беҳдошти зиндагӣ, шукуфоии ҷомеа ва  ба солимии ҳар як сокини шаҳр мусоидат мекунад.  Вазифаи сокинони шаҳр аз он иборат аст, ки фарҳанги баланди шаҳрнишинӣ дошта бошанд ва сарсабзу хуррам гардонидани кӯчаву хиёбон, гулгашту маҳаллаҳои шаҳрро қарзи инсонии худ шуморида, насли ҷавонро дар ин руҳия тарбия намоянд.

Ҳамасола моҳи май дар саросари кишвар таҷлили “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” чорабиниҳои  гуногуни варзишию фарҳангӣ дар маҳалаҳои шаҳру ноҳияҳо бо ширкати васеи ҷавонону духтарон аз қабили бозиҳои футбол, волейбол, шашкаю шоҳмот ва шанбегию ҳашар баргузор мегардад. Аз ин рӯ, бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар дар якҷоягӣ бо намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон  дар назди бинои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар вилояти Хатлон, маркази  шаҳри Бохтар  шанбегии умумӣ гузаронида шуд, ки дар он валантиёрон ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан”  фаъолона иштирок намуда, дар тозаю озода кардани атрофи бино саҳми арзанда гузоштанд.    

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg