
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи таблиғотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Вахш дар Ҷамоати деҳоти Машъал дар деҳаи Баракат вохӯрӣ бо интихобкунандагон баргузор карданд. Аъзои гурӯҳи тарғиботӣ вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Имомназаров Нурмуҳаммад оид ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ кард. Инчунин, дар ин раванд мавсуф вобаста ба моҳияти Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сухан гнуфта, қайд кард, ки дастоварду пешравиҳои ҳафт соли гузашта маҳсули заҳмати софдилонаи халқи азизи Тоҷикистон мебошад ва ҳар яки моро лозим аст, ки барои дар сатҳи баланд гузаронидани маъракаи сиёсӣ, яъне интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми мунеосиб гузорем.