
ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади муаррифӣ намудани Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо интихобкунандагон дар Литсейи касбӣ-техникии ноҳия вохӯрии судманд баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур Илҳом Даминов мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро муаррифӣ намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар рӯзи интихобот фаъолона ширкат варзанд ва ба ҷонибдории номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон овоз диҳанд.