
ВОКУНИШ. Вожаи Ватан дар ҳамаи забонҳои дунё муқаддастарин калима тасвир ёфтааст. Бузургон ин ду мафҳумро, яъне Модарро ба Ватан ва Ватанро бо Модар шабоҳат додаанд. Ҳар як инсон худ қазоват кунад, ки бе сарчашмаи ҳаёт-Модар магар инсон ба дунё меояд? Ҳар як инсони соҳибақл худ андеша менамояд, ки албатта не. Бе Ватан низ зистан, ба фикри ман бояд ҳамин тавр бошад.
Ватан ҷои таваллуд, зодгоҳ, маконест, ки шахс дар онҷо ба воя расидааст, аз ҳавояш нафас гирифта, аз обаш нӯшида ҳаловат бурдааст, давраҳои хело ширини ҳаёташро дар онҷо гузаронидааст. Ҳамаи инҳо то охири умираш дар хотироташ нақш мебанданд. Аз ин лиҳоз ба он муҳаббати беандоза дошта, барои ободиаш, пешрафту шукуфоиаш кӯшиш ба харҷ медиҳад. Ба мисли Модар эҳтиром мекунад ва дӯсташ медорад. Вожаи ватанфурӯш бошад ба маънои хиёнат намудан ба ин калимаи муқаддас яъне Ватан - Модар аст.
Рӯзҳои наздик тавассути шабакаҳои телевизиони ҷумҳурӣ филми се қисматаи «Хиёнат» намоиш дода шуд. Ба ҳамагон маълум аст, ки амали хиёнат дар ҳама давру замон маҳкум карда шуда, хиёнаткор бошад шахси пасту беор, манфур ҳисобида шуда, дар ҷомеа боиси таҳкир, нафарати аҳли ҷомеа мегардад. Ҳамаи хиёнаткардагон мутобиқи қонунҳои ин ё он давлату кишвар ҷазо дода мешаванд.
Ҳар як насли калонсоли миллат худ дарк мекунад, ки аз солҳои 90-уми асри гузашта мардуми кишвар Истиқлолияти давлатии худро ба даст овард. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ душманони миллат, кӯрдилону ватанфурӯшон бо дастгирии хоҷагони аҷнабии хориҷиашон ба давлату миллат хиёнат намуда, вазъи иҷтимоии кишварро ноором намудаанд. Истиқлоияти далатии ба дастовардаи мардуми кишвар зарбаи ҷонкоҳе ба қалби он бадхоҳон зада бошад ҳам, ба ҷои роҳандозии корҳои ободонию созандагӣ, беҳтар намудани вазъи буҳрони иқтисодии кишвар, ба роҳ мондани фаъолияти корхонаву идораҳои давлатӣ, мансабхоҳону бадтинатони наҳзатӣ бо истифода аз рӯҳониёни «бонуфузи» ҳамондавраи кишвар даст ба моҷарою, иғво, пахши ҳама гуна хабарҳои бардӯруғ мезананд. Дар баъзе шаҳру ноҳияҳои манотиқи кишвар тарафдорони худро пайдо намуда, як қисми мардуми ноогоҳро бо фиребу найранг ба тарафи худ кашиданд.
Аз беаҳамиятию ноуҳдабароии роҳбарияти ҳамонвақтаи кишвар, бемасъулиятӣ ва бетарафии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар ҷомеа ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобил ҷудо шуд. Душманони дохилӣ аз ҷумлаи наҳзатиҳо, аз бенизомӣ ва фалаҷ будани мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мардуми тоҷикро ба қисматҳои худӣ ва бегона ҷудо намуда, дар кишвар маҳалгароиро ба дараҷае роҳандозӣ намуданд, ки оқибат ба ҷангӣ шаҳрвандӣ оварда расонид. Мақсади онҳо бо роҳи зӯрӣ сохти конститутсиониро тағййр додан буд. Дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар кишвар ташкилнамудаи наҳзатиёни террорист, ки зиёда аз 5 сол давом кард, ба ғайр аз зарари маънавӣ, зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷон бохт, қариб як миллион сокинони вилояти Хатлон ва баъзе шаҳру ноҳияҳо ба хориҷи мамлакат фирорӣ шуданд.
Он давраи ғамангезу ғамафзоро чун ба риштаи қалам бикашем, нӯги қаламҳо пайваста мешиканад, сиёҳии қалам бо ашки хунин даромехта, ҷигарро садпора мекунад, оҳ ба фалак мепечад, арш ба ларза меояд. Сиёҳӣ пеши дидаҳоро мебандад, қалбҳо макони қасду интиқом мегарданд.
Ба иқтисодиёти кишвар зарари бениҳоят калони иқтисодию молиявӣ расониданд. Ҳатто кор ба ҷое расид, ки як миллат ба минтақаҳо ҷудо шуда ба ду гурӯҳи ба ҳам зид якдигарро ҷашми дидан накарда, бо ваҳшонияту даҳшат қатлу нобуду ғорат мекарданд. Наҳзатиёни хоин миллатро ба нестӣ бурданӣ буданд. Ҳар як фарди бонангу ори ин миллат бояд андеша намояд, ки оё ин кӯрдилон, хоинон, ватанфурӯшону террористони миллаткуш, ки имрӯз аз минбарҳо дар сомонаҳои интернетӣ худро дӯстдори миллату Ватан метарошанд. бояд бидонанд, ки мардуми соҳиби иродаи матину ақли солим акнун дарк намуданд, ки он ҳама гапу сафсатагӯиҳо ва айбдорикуниҳои ин қабил одамон, ки дар ҳаққи Ҳукумату давлат ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раво мебинанд, рост набуда, балки фиребу дурӯғи маҳз аст, ки мехоҳанд бо фиребу макр мардум ва алалхусус, ҷавононро ба гурӯҳҳои худ шомил созанд, бар зидди миллату давлат, ки баъди ҳазорҳо сол бо ҳазорон машаққату ҷоннисориҳои фарзандони бонангу номус ва соҳибхираду тавонояш ба даст омадааст, аз байн баранд.
Ҳар як сокини кишвар медонад, ки таҳти роҳбарии Пешвои хирадманди ватандӯсту миллатдӯсташ , ки бо талошҳою ҷонбозиҳои шабонарӯзиаш , ки дар таърихи халқи тоҷик бемисланд дар як муддати барои таърих начандон тӯлонӣ ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима башид, миллатро ба ҳам овард, гурӯҳҳои моҷароҷӯёю исёнгар, террористу экстремистро саркӯб намуда, дар кишвар сулҳу салоҳ, Ваҳдати миллӣ таъмин гардида, дар кишвар корҳои ободонию созандагӣ оғоз ёфтанд. Ҳамаи дастовардҳое, ки миллат зери сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тайи солҳои охир дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар, ҳамчунин сиёсати муваффақи дохилию хориҷӣ ба даст омада, боиси ифтихори ҳар сокини кишвар мебошад. Ҳамаи ин пешравию дастовардҳои Тоҷикистон, ки дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ ба даст оварда шудааст, ҳамчун хори марғелон ба чашми душманони миллат, хоинон, террористони наҳзатӣ мехалад. Аксари « қаҳрамонони» филм амсоли Ҳалим Назарзода, Қаландар Садруддинов , рӯзноманигори ватанфурӯш Мирзои Салимпур, Юнуси Истаравшанӣ. Шарофиддин Гадоев, бародарон Кузовҳо, ки дар филм кирдорҳои ғаразаноку хиёнатҳои онҳо нисбати кишвар фош карда шудааст, амалҳои нопоку ноҷавонмардона мебошад.
Пас аз тамошои филми ҳуҷҷатии «Хиёнат» ҳар як фарди ватандӯст, ҳар як тоҷики бонангу номус аз чунин ҳаммилатони беномуси худ хиҷолат мекашад. Хиҷолат аз он мекашад, ки онҳо низ худро тоҷик мегӯянд. Хиҷолат аз он мекашад, ки онҳоро низ ҳамчун тоҷик мешиносанд. Ин амалҳои онҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки онҳо мухолифини давлати Тоҷикистон нестанд, балки душманони ашадии миллату давлати тоҷик ҳастанд.
Шаҳло Саидмуродова, узви Гӯруҳи вакилии Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Носири Хусрав