БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИШТИРОК ДАР ИНТИХОБОТ ИН АДОИ ҚАРЗИ ШАҲРВАНДӢ ВА ВИҶДОНӢ АСТ

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи №3”-и  Ҷамоати деҳоти Пахтаободии ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки гурӯҳи тарғиботии  назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон Ализода Аҳмадҷон ва Сафарзода Асалмоҳ  шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади тарғибу  ташвиқи Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон, таъмини волоияти қонун, Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти комили давлатии Тоҷикистон  мулоқот доир  гардид.

Дар мулоқот  аъзои гурӯҳи таблиғотии вилоятӣ ва шахси боэътимоди номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар бораи  дастовардҳои замони соҳибистиқлолии кишвар, пешрафту шукуфоии Ватан, баланд гардидани сатҳи хизматрасониҳои тиббӣ дар соҳаи тандурустӣ  ва Барномаи пешазинтихоботии номзад ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешаронӣ карда, мардумро  барои интихоби ояндаи  амну осоиштагӣ  даъват карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg